IQNA

Анҷоми рақобатҳои мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ

17:35 - January 31, 2025
рақами хабар: 2802
ИКНА - 41-умин давраи мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баргузории финали ду бахш – қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръони Карим – соати пеш ба поён расид.

Ба гузориши ИКНА, марҳалаи ниҳоии 41-умин даври мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Толори Қудси Ҳарами Мутаббарии Разавӣ ба анҷом расид.

Бо анҷоми ин марҳалаи мусобиқот, рақобатҳои 41-умин давраи мусобиқоти қуръонӣ расман ба итмом расиданд, ва танҳо маросими ҷамъбастии ин рӯйдоди байналмилалӣ боқӣ мондааст.

Дар рӯзи поёнии мусобиқот, аввалан панҷ финалист дар бахши ҳифзи кулли Қуръони Карим бо ҳам рақобат карданд. Дар ин бахш шахсиятҳои зерин ба пурсишҳои ҳайати доварон посух доданд:

  • Муҳаммад Хокпур (Эрон) Аҳмад Муҳаммадсолиҳ Иброҳим Исо (Миср) Муртазо Ҳусайналӣ Акаш (Либия) Муҳаммад Фодӣ Шубайл (Тунис) Сабуру Исматуллоҳ (Қирғизистон)

Ҳамчунин дар бахши қироати таҳқиқ шахсиятҳои зерин оятҳое аз Каломи Муқаддасро тиловат карданд:

  • Сайид Муҳаммад Ҳусейнипур (Эрон) Абӯзар Ғаффорӣ (Бангладеш) Аҳмад Солим Амкуйво (Танзания) Муҳаммадҳусайн Муҳаммад (Миср) Аҳмад Ризоқ Ад-Далфӣ (Ироқ) Ҳармуко (Индонезия) Сайид Амирҳамза Ҳусейнӣ (Олмон) Абӯбакр Умар (Ҷазираҳои Қумур) Муҳаммад Назир Асғар (Филиппин)

Шахсиятҳои бартари ин даври мусобиқот, ки аз рӯзи ҳафтум дар бахшҳои қироати таъртил ва ҳифзи кулли Қуръон (хонумон) ва қироати таҳқиқ, қироати таъртил ва ҳифзи кулли Қуръон (мардон) оғоз шуда буд, дар маросими ҷамъбастӣ муаррифӣ ва қадрдонӣ хоҳанд шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4262864

 

captcha