Ба гузориши ИКНА, Мубиншоҳ Рамазӣ, довари 41-умин даври мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар бахши саҳеҳии ҳифз, дар гуфтугӯ бо ИКНА худро чунин муаррифӣ кард: Ман довар ва ҳофизи Қуръон ҳастам ва ҳудуди 30 сол қабл Қуръонро ҳифз кардам. Тақрибан дар 7 мусобиқоти байналмилалӣ ҳамчун ширкаткунанда ҳузур дошта, беш аз 20 сол ба таълими Қуръон, бахусус дар соҳаи ҳифз машғул ҳастам. Дар Афғонистон низ тақрибан 20 сол аст, ки доварии мусобиқоти гуногуни Қуръонро бар уҳда дорам ва ҳамзамон муовини илмӣ ва таълимии дорулҳифоз дар Вазорати маорифи кишварам мебошам.
Вай афзуд: Дар оғози ҳифзи Қуръон ба қироати устод Халил Ҳасрӣ ва Сиддиқ Миншаовӣ, махсусан ба тарзи қироати таҳдирӣ, шавқ доштам. Баъдан, аз услуби қироати Шайх Муҳаммад Айюб пайравӣ мекардам ва мехостам мисли ин бузургон Қуръонро тиловат намоям.
Вай дар бораи чолишҳои омӯзиши Қуръон дар Афғонистон чунин изҳор дошт: Азбаски тақрибан 100%-и мардуми Афғонистон мусулмон ҳастанд ва бо Қуръон Карим унс доранд, ман мушкили ҷиддие дар таълими Қуръон намебинам. Масоҷид, уламои дин ва хонаводаҳо саъй мекунанд, ки насли нав Қуръонро ба дурустӣ ёд гирифта, қироат намоянд.
Вай бо ишора ба нақши масоҷид ва хонавода дар таълими Қуръон ба насли нав таъкид кард: Паёмбари бузурги Ислом (с) кори худро аз масҷид оғоз карданд, ки ин нишонаи аҳамияти масоҷид аст. Оила низ маркази тарбияи кӯдак мебошад ва бояд таълими Қуръонро барои фарзандон вазифаи худ шуморад ва бо ҷидду ҷаҳд ин масъулиятро иҷро намуда, бо эҷоди ангеза, онҳоро ба ҳифзи Қуръон ташвиқ кунад.