Вақте сухан аз ҳақ будан ва набудани дин ва оин мешавад, милокҳои мухталифе барои санҷидани он мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Яке аз оёти Қуръон бо ишора ба ҳамин мавзӯъ, ба баёни милоки содда ва равшан мепардозад:
إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلَامُ وَمَا اخْتَلَفَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ إِلَّا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ وَمَنْ يَكْفُرْ بِآيَاتِ اللَّهِ فَإِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ; “Дин дар назди Худо, Ислом (ва таслим будан дар баробари ҳақ) аст. Ва касоне, ки китоби осмонӣ ба онон дода шуд, ихтилофе (дар он) эҷод накарданд, магар баъд аз огоҳӣ ва илм, он ҳам ба хотири зулм ва ситам дар миёни худ, ва ҳар кас ба оёти Худо куфр варзад, (Худо ба ҳисоби ӯ мерасад, зеро) Худованд, сареъулҳисоб аст” (Оли Имрон, 19).
Мумкин аст бо нигоҳе ба иборати нахусти ин оят إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلَامُ; Дин дар назди Худо, Ислом (ва таслим будан дар баробари ҳақ) аст. Тасаввур шавад, ки Қуръон танҳо аз ҳаққонияти дини мушаххасе ба номи Ислом сухан гуфтааст, аммо дар тафсири ин оёт ва ба хусус маънои вожаи “Ислом” нукоти ҷолибе матраҳ шудааст. Вожаи “Ислом” дар забони арабӣ ба маънои “таслим” шудан аст.
Ин оят ба баёни сарчашмаи ихтилофҳои мазҳабӣ мепардозад, ки алорағми ваҳдати ҳақиқӣ дини илоҳӣ ба вуҷуд омада: “Онҳо, ки китоби осмонӣ ба онҳо дода шуда буд дар он ихтилоф накарданд магар баъд аз онки огоҳӣ ва илм ба сӯроғашон омад ва ин ихтилоф ба хотири зулм ва ситам дар миёни онҳо буд” (وَ مَا اخْتَلَفَ الَّذِینَ أُوتُوا الْکِتابَ إِلَّا مِنْ بَعْدِ ما جاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْیاً بَیْنَهُمْ).
Бинобар ин эҷоди ихтилоф, аввалан баъд аз огоҳӣ буд ва сониян ангезае ҷуз туғён ва зулм ва ҳасад надоштааст. Мисли Паёмбари Ислом(с) бар мӯъҷизоти ошкор, аз ҷумла Қуръони Маҷид ва далоили равшане, ки дар матни ин оин омада, авсоф ва мушаххасоташ дар кутуби осмонӣ пешин, ки бахшҳое аз он дар дасти яҳуд ва насоро вуҷуд дошт, баён шуда буд ва ба ҳамин далел донишмандони онҳо қабл аз зуҳури ӯ башорати зуҳурашро бо шавқ ва таъкиди фаровон медоданд, аммо ҳамин, ки маъбус шуд, чун манофеъи худро дар хатар медиданд, аз рӯи туғён ва зулм ва ҳасад ҳамаро нодида гирифтанд. Ба ҳамин далел дар поёни оят сарнавишти онҳо ва амсоли онҳоро баён карда мегӯяд: «ҳар кас ба оёти Худо куфр варзад (Худо ҳисоби ӯро мерасад зеро) Худованд ҳисобаш сареъ аст» (وَ مَنْ یَکْفُرْ بِآیاتِ اللَّهِ فَإِنَّ اللَّهَ سَرِیعُ الْحِسابِ)
Оре! Касоне, ки оёти илоҳиро бозичаи ҳавасҳои худ қарор диҳанд, натиҷаи кори худро дар дунё ва охират мебинанд.
Паёмҳои оят дар тафсири Нур
1- Имон ба ягонагӣ, адолат, иззат ва ҳикмати Худованд, ки дар ояти қаблии (Оли Имрон, 18) баён шуда, заминаи таслим шудани инсон аст. إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلامُ
2- Лозимаи таслим будан дар баробари Худованд, пазириши Ислом ба унвони охирин дини илоҳӣ аст. إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلامُ
3- Таҷовуз аз марзҳои ҳақ, сабаби бурузи ихтилоф аст. وَ مَا اخْتَلَفَ الَّذِينَ ... بَغْياً