Ба гузориши ИКНА, пас аз анҷоми 41-умин даври мусобиқоти байналмилалии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи гузашта, ширкаткунандагони ин даври рақобатҳо бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (рҳ) бо ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб, дидор карданд.
Дар бахше аз ин дидор, гурӯҳе аз навҷавонон ва ҷавонони гурӯҳи "Сабилур-Рашод" бо роҳбарии Алии Муҳаррабӣ, қории ва мударриси қуръонӣ, ба қироати порчаҳое аз Қуръон ва тақлид аз шеваи қориёни маъруфи мисрӣ ва иҷрои қироатҳои гуногун пардохтанд, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Чанд соат пас аз ин дидор, акси ёдгории аъзои ин гурӯҳ бо мақоми муаззами раҳбарӣ мунташир ва дар фазои маҷозӣ ба таври густурда дида шуд.