Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз торнамои остони муқаддаси Аббосӣ, дуюмин мусобиқаи ҷоизаи байналмилалии Ал-Амид бо иштироки қориёне аз 53 кишвари арабӣ ва хориҷӣ дар ду гурӯҳи синнӣ — ҷавонон ва бузургсолон — баргузор мешавад.
Билол бин Алӣ, қории кишвари Туркия, гуфт: "Мо барои ширкат дар дуюмин даври рақобатҳои ҷоизаи байналмилалии Ал-Аъмид дар риштаи тиловати Қуръони Карим ба вилояти Карбалои Муалло мушарраф шудем ва ин фурсатеро барои зиёрати ҳарими мутаҳҳари ҳазрати Абулфазл Аббос (а) фароҳам сохт."
Ҳамчунин, Қории Алӣ Аҳмад Ҳиҷозӣ, аз кишвари Лубнон, аз остони муқаддаси Аббосӣ барои таваҷҷуҳ ба умури қуръонӣ тавассути баргузории мусобиқоти Ҷоизаи Ал-Амид қадрдонӣ кард.
Вай изҳор дошт: "Остони муқаддаси Аббосӣ барои осон кардани вуруди ширкаткунандагон ва фароҳам овардани фазои муносиб барои онҳо талош кардааст."
Гуфтанист, қориёне аз кишварҳои арабӣ, осиёӣ ва африқоӣ, аз ҷумла Миср, Эрон, Индонезия, Афғонистон, Малайзия, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд, барои ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба шаҳри Карбалои Муъалло мушарраф шудаанд.