Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Ғад, як манбаи огоҳ дар вазорати корҳои хориҷии Туркия рӯзи шанбе эълом кард, ки Ҳоқон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия, Дания-ро ташвиқ намудааст, то барои манъи сӯзондани Қуръон ва таҳқири он тадобири фаврӣ рӯи даст бигирад.
Фидон дар тамоси телефонӣ бо Ларс Лёкке Расмуссен, ҳамтои даниягии худ, таҳқири такрории Қуръон дар ин кишварро маҳкум кард.
Вазири корҳои хориҷии Туркия ҳамчунин ба Расмуссен таъкид намуд, ки иҷозат додан ба чунин иқдомот бо баҳонаи озодии баён қобили қабул нест.
Гуфтанист, Расмус Палуден, раҳбари ҳизби ростгарои ифротии Stram Kurs дар Дания, бори чандум дар солҳои ахир даст ба сӯзондани Қуръон зад.
Ин иқдом танҳо чанд рӯз пас аз ҳалокати Слован Момика, паноҳандаи насронии ироқӣ дар Шветсия, сурат гирифт.
Палуден дар паёме дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттери собиқ) хабар дод, ки ин иқдомро дар муқобили сафорати Туркия дар Копенгаген анҷом додааст.
Ба навиштаи рӯзномаи Афтонбладет, ин сиёсатмадори даниягӣ дар ҳоле боз ҳам ба таҳқири Қуръони Карим пардохт, ки пулиси Дания пештар ва ба дунболи ҳалокати Момика бо содир кардани як баёния анҷоми ин амали манфурро мамнӯъ эълом карда буд.
Рӯзноманигорони шведӣ рӯзи панҷшанбе кушта шудани Момикаро, ки дар эътирозоти соли 2023 нусхаҳое аз Қуръони Каримро оташ зада буд, таъйид карданд.
Палуден қаблан дар моҳи январ соли 2024 низ дар як иқдоми таҳқиромез нусхае аз Қуръони Каримро дар муқобили сафорати Туркия дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия, сӯзонда буд. Ин иқдоми вай бо муҳофизати пулис ва бо иҷозати мақомот анҷом шуда буд.