Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз “Боб Нет”, Шайх Акрама Сабрӣ, хатиби масҷиди ҷомеи Ақсо, дар мусоҳиба бо барномаи телевизионии «Палитика» бо таъкид бар ин ки масҷиди ҷомеи Ақсо ҳаққи мусаллам ва бебаҳси ҳамаи мусулмонон мебошад, изҳор дошт: "Саҳюнистҳо бо кофтуковҳои худ масҷиди ҷомеи Ақсоро тадриҷан тахриб карда, пояҳои онро заиф мекунанд. Ин масъала боис мешавад, ки бо хурдтарин зилзила масҷиди ҷомеи Ақсо фурӯ резад."
Ӯ таъкид кард: "Ин сарзамин муқаддас аст ва ҳеҷ кас ҳаққи таҷовуз ба онро надорад."
Акрама Сабрӣ хитоб ба ҷаҳони Ислом, бо таъкид бар ин ки масҷиди ҷомеи Ақсо танҳо мутааллиқ ба фаластиниҳо нест, балки мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонон мебошад, уммати исломиро ба масъулиятпазирӣ дар баробари Қудс ва масҷиди ҷомеи Ақсо фаро хонд ва таъкид кард: "Ҳар кас дар дифоъ аз масҷиди ҷомеи Ақсо кӯтоҳӣ кунад, дар пешгоҳи Худованд ва таърих ҷавобгар хоҳад буд."
Хатиби масҷиди ҷомеи Ақсо дар бораи тарҳи Трамп, раисҷумҳури Амрико, мабнӣ бар оворагии иҷбории фаластиниҳо аз Ғазза, хитоб ба ӯ гуфт: "Ин сарзамин ватани мост ва мо ба сарзамини худ пойбанд ҳастем ва иҷозаи ҳеҷ гуна тасаллутеро нахоҳем дод, зеро мо соҳиби ҳақ ҳастем ва худ дар бораи кишвари худ тасмим мегирем."
Ӯ таъкид кард: "Миллати Фаластин ҳаргиз аз сарзамини худ ақибнишинӣ нахоҳад кард ва ҳаргиз иҷозат нахоҳад дод, ки ҳуқуқи қонунии онҳо поймол шавад. Муқовимат дар баробари ишғолгарон ва ҳифзи муқаддасот воҷиби миллӣ ва динӣ мебошад."