IQNA

Пирӯзии мардуми Ғазза ғалаба бар Амрико буд

16:32 - February 08, 2025
рақами хабар: 2853
ИКНА - Субҳи имрӯз, Раҳбари муаззами инқилоби Эрон дар дидори раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос ва аъзои он бо ёдоварии шаҳидони Ғазза ва фармондеҳони шаҳид, махсусан шаҳид Исмоил Ҳания, хитоб ба раҳбарони Ҳамос изҳор доштанд: “Шумо на танҳо бар режими саҳюнистӣ, балки дар воқеъ бар Амрико ғалаба кардед ва бо лутфи Парвардигор нагузоштед, ки онҳо ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ даст ёбанд.”

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос ва аъзои он субҳи имрӯз, шанбеи бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дидор карданд.

Дар оғози ин мулоқот, ҷаноби Муҳаммад Исмоил Дарвеш, раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос, бо табрики пирӯзии бузурги муқовимат дар Ғазза, хитоб ба Раҳбари Инқилоб изҳор дошт: “Мо ҳамзамонии пирӯзии муқовимати Ғазза бо солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба фоли нек гирифта, умедворем, ки ин ҳамзамонӣ муқаддимаи озодии Қудс ва масҷиди Ақсо гардад.”

Ҷаноби Халил Лаҳия, муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос низ дар оғози ин дидор бо табрики ин пирӯзӣ ба Раҳбари Инқилоби Исломӣ гуфт: “Мо имрӯз бо сари баланд ба дидори шумо омадаем, зеро ин пирӯзии бузург, як дастоварди муштараки мо ва Ҷумҳурии Исломӣ Эрон мебошад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин мулоқот бо таъкиди махсус бар шаҳидони Ғазза ва фармондеҳони шаҳид, бахусус шаҳид Исмоил Ҳания, изҳор доштанд: “Парвардигори Мутаол ба шумо ва мардуми Ғазза иззат ва пирӯзӣ ато кард ва Ғаззаро ба мисдоқи ояти шарифае табдил намуд, ки мефармояд: “Чӣ бисёр гурӯҳҳои хурде, ки бо иҷозати Худованд бар гурӯҳҳои бузург ва пурқудрат ғолиб омаданд.”

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон бо таъкид гуфтанд: “Шумо бар режими саҳюнистӣ ва дар асл бар Амрико ғолиб омадед ва бо лутфи Худованд нагузоштед, ки онҳо ҳеҷ яке аз аҳдофи худро амалӣ созанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ранҷу машаққати мардуми Ғазза дар давоми як солу ним муқовимат таъкид карданд: “Самараи ҳамаи ин ранҷу сахтиҳо дар ниҳоят пирӯзии ҳақ бар ботил буд ва мардуми Ғазза ба як улгу барои ҳамаи онҳое табдил шуданд, ки дилбастаи муқовимат мебошанд.”

Раҳбари Инқилоб бо қадрдонӣ аз музокиракунандагони Ҳамос, дастовардҳои тавофуқи анҷомшударо бузург хонда, афзуданд: “Имрӯз вазифаи тамоми ҷаҳони Ислом ва ҳамаи ҳомиёни муқовимат кӯмак ба мардуми Ғазза барои коҳиши ранҷу мусибатҳои онҳо мебошад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бар зарурати тарҳрезӣ барои фаъолиятҳои фарҳангӣ ва идомаи равиши кунунии таблиғотӣ дар канори корҳои низомӣ ва бозсозии Ғазза таъкид намуда, гуфтанд: “Нерӯҳои муқовимат ва Ҳамос дар заминаи фаъолиятҳои таблиғотӣ ва расонаӣ иҷрои бисёр олӣ доштанд ва ин равиш бояд идома ёбад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ имонро ҳамчун силоҳи аслӣ ва василаи ғайримутаносиби ҷабҳаи муқовимат дар муқобили душман дониста, таъкид намуданд: “Ба василаи ҳамин имон аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат дар баробари душманон ҳеҷ эҳсоси заъфе намекунанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таҳдидҳои ахири Амрико нисбат ба Ҷумҳурии Исломӣ ва мардуми Эрон таъкид карданд: “Ин гуна таҳдидҳо ҳеҷ таъсире дар рӯҳияи миллати мо, масъулони кишвар ва ҷавонони фаъол надорад.”

Ишон афзуданд: “Масъалаи дифоъ аз Фаластин ва ҳимоят аз мардуми он барои миллати Эрон як масъалаи ҳалшуда мебошад ва ҳеҷ шакку шубҳае дар он вуҷуд надорад.”

Раҳбари Инқилоб таъкид намуданд: “Масъалаи Фаластин барои мо як мавзӯи аслӣ буда, пирӯзии Фаластин низ барои мо як воқеияти қатъӣ мебошад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкиди ин ки пирӯзии ниҳоӣ дар ихтиёри мардуми Фаластин хоҳад буд, хотирнишон карданд: “Ҳодисаҳо ва пасту баландҳои роҳ набояд мояи тардид шавад, балки бо нерӯи имон ва умед бояд пеш рафт ва ба ёриҳои илоҳӣ умедвор буд.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар поёни суханон хитоб ба раҳбарони Ҳамос гуфтанд: “Ба лутфи Худованд он рӯз фаро мерасад, ки ҳамаи шумо бо сари баланд, масъалаи Қудсро барои ҷаҳони Ислом ҳал кардаед ва он рӯз ҳатман фаро хоҳад расид.”

Дар ин дидор, ҷаноби Муҳаммад Исмоил Дарвеш, раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос, Халил Лаҳия, муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва Зоҳир Ҷабборин, раиси Ҳамос дар Каронаи Ғарбӣ, бо ёдоварии шаҳидони муқовимат, бахусус шаҳид Исмоил Ҳания, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, Яҳё Синвор ва Солеҳ Арурӣ, гузорише аз охирин вазъияти Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ, пирӯзиҳо ва комёбиҳои бадастомада ва шароити кунунӣ пешниҳод намуда, аз ҳимоятҳои ҳамешагии Ҷумҳурии Исломӣ ва мардуми Эрон изҳори қадрдонӣ карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4264750

captcha