Ба гузориши ИКНА, Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломи Эрон, рӯзи ҷумъа дар дидор бо фармондеҳони Неруи ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон суханони муҳимме дар бораи музокира бо Амрико баён карданд; суханоне, ки бо суръат ба хабари аввалини расонаҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Расонаҳои байналмилалӣ чӣ гуфтанд?
Хабаргузории "Рейтерс" дар бозтоби ин бахши суханронии Раҳбари олии Эрон навишт: "Оятуллоҳ Хоманаӣ мегӯяд, таҷриба собит кардааст, ки музокира бо Амрико оқилона нест."
Рӯзномаи англисии "Financial Times" навишт: "Оятуллоҳ Хоманаӣ музокираи Эрон бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро рад кард ва гуфт, ки 'музокира бо Амрико на оқилона аст, на шоиста ва на шарафмандона'."
Хабаргузории "France-Presse" навишт: "Оятуллоҳ Хоманаӣ мегӯяд, музокира бо Амрико мушкилоти Эронро ҳал намекунад."
Расонаи амрикоии "Bloomberg" навишт: "Оятуллоҳ Хоманаӣ мегӯяд, тавофуқи гузашта бо Амрико ба таҳримҳои бештар мунҷар шуд ва таҷрибаи Трамп нишон додааст, ки музокира бо Амрико оқилона нест."
Шабакаи амрикоии "NBC News" навишт: "Раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон музокира бо Трампро ба далели он ки на оқилона, на шоиста ва на шарафмандона аст, рад кард."
Хабаргузории амрикоии "Associated Press" низ навишт: "Раҳбари муаззами Эрон мегӯяд, музокира бо Амрико на оқилона аст, на шарафмандона ва на шоиста."
Рӯзномаи "Jerusalem Post" низ навишт: "Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳдид кард, ки 'агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба амнияти мо таҷовуз кунад, мо низ ба амнияти онҳо таҷовуз хоҳем кард'."
Шабакаи "Ал-Маёдин" дар хабари фаврии худ навишт: "Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: “гузаронидани музокира бо Амрико на оқилона аст ва на дуруст, ва таҷриба инро собит кардааст."
Хабаргузории Ироқ низ навишт: "Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон таъкид кард: 'Агар Амрико амнияти моро таҳдид кунад, мо низ амнияти онро таҳдид мекунем, ва бо музокира бо Амрико ҳеҷ мушкиле ҳал намешавад'."
Хабаргузории ямании "SABA" низ навишт: "Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Агар амрикоиҳо ба амнияти миллати мо таҷовуз кунанд, мо низ бидуни шак амнияти онҳоро ба хатар хоҳем андохт."
Пойгоҳи хабарии "Ал-Аҳд" низ дар бозтоби ин суханон навишт: "Имом Хоманаӣ таъкид карданд: музокира бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мушкилоти Эронро ҳал нахоҳад кард."Top of Form