Ба гузориши ИКНА, вебгоҳи шабакаи Ал-Ҷазира дар як гузорише ба баррасии таърихи ин китобхона, ки дар шаҳри Қудс воқеъ аст, пардохтааст.
Ин китобхона, ки дар қисмати ғарбии масҷид ва дар канори масҷиди Қибла ҷойгир аст, дорои китобҳои динӣ, таърихӣ, адабӣ, фиқҳӣ (дар мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат), тафсирӣ ва ҳадисӣ мебошад.
1. Хазонаи масҷиди мубораки Ақсо
Аз даврони Умавиҳо дар масҷиди Ақсо хазанаи китобҳо вуҷуд дошт, ки эҳтимолан дар давраи Аббосиҳо бо рушди сохтани китобхонаҳо васеътар шуд. Дар ин давра, воридоти коғаз афзоиш ёфт ва санъати чопи китоб рушд кард.
Вақте ки хазанаи масҷиди Қуббатус-Сахра (дар канори масҷиди Ақсо) аз масоҳиф ва китобҳои мухталиф пур шуд, ниёз ба масъули махсусе барои нигаҳдорӣ ва нигоҳубини китобҳо эҳсос гардид. Аз ин рӯ, қозии Қудс шахсе барои нигоҳдорӣ ва муроқибати китобҳо таъин намуд.
2. Хонаи китоб
Сохтмони китобхона чанд бор тағйир ёфт. Дар соли 1920, Шӯрои Олии Исломии Қудс бо яке аз аввалин иқдомҳои худ, "Хонаи китоб"-и масҷиди Ақсоро таъсис дод. Ин марказ бо ҷамъоварии китобҳои динӣ ва забони арабӣ тавассути харид, вақф ва ҳадя фаъолият мекард.
Бисёре аз нусхаҳои хаттии китобхона тавассути вақф гирд оварда шуданд ва баъзе аз онҳо аз масҷиди Ақсо, Қуббатус-Сахра ва мактабҳои дохили масҷид ба даст омаданд.
3. Китобхонаи масҷиди Ақсо
Бо гузашти замон, "Хонаи китоб" ба китобхонаи муҳим табдил ёфт, вале шароити минтақа барои фаъолияти он монеа эҷод кард. Пас аз чанде, китобхона ба макони дигар интиқол дода шуд, ки дар ин раванд бархе аз китобҳо гум шуданд.
Дар соли 1976, Идораи Авқофи Исломии Қудс китобхонаро бо номи "Китобхонаи масҷиди мубораки Ақсо" дар бинои мадрасаи Ашрафия таъсис дод ва китобҳоро ба макони нав интиқол дод. Дар соли 2000, ин китобхона ба "Масҷиди Нисо" кӯчонида шуд.
То соли 2025, ин китобхона зиёда аз 120 ҳазор ҷилд китоб бо мавзӯъҳои гуногуни илмҳои динӣ, тасаввуф, забони арабӣ, таърих, ҷуғрофия, сиёсат, адабиёт ва ҷомеашиносӣ дорад.
Китобхона аз се бахш иборат аст:
Ин китобхона инчунин ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва маҷаллаҳои чопии асри 20-ро, ки арзиши гаронбаҳо доранд, дар бар мегирад. Бисёре аз ин китобҳо ба забони туркӣ навишта шудаанд.
Ҳуҷҷатҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки қадимтарин нусхаи хаттии ин китобхона ба қарни 6 ҳиҷрӣ (1071 мелодӣ) бармегардад, ки осори Хатиби Бағдодӣ мебошад.
Китобхонаи масҷиди Ақсо на танҳо як ганҷинаи илмӣ, балки шоҳиди таърихи пурифтихори уммати исломӣ мебошад. Бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ин китобхона ҳанӯз ҳам ҳамчун як маркази муҳими илмӣ ва таърихӣ дар шаҳри Қудс боқӣ мондааст.