Маросими роҳпаймоии ҷашни пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ аз соатҳои пеш бо ҳузури густурдаи мардум аз ақшори мухталиф дар Теҳрон, 1400 бахш ва шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин беш аз 35 000 рустои ин кишвар оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.
Роҳпаймоии 22 баҳман (10 феврал) ҳамасола ҳамчун яке аз муҳимтарин нишонаҳои ҳамбастагӣ ва ваҳдати мардуми Эрон баргузор мешавад. Ин маросим, ки бо ҳузури пуршӯри мардум баргузор мегардад, на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба муборизоти инқилобӣ, балки таъкиде бар идомаи роҳи истиқлол ва муқовимати ин миллат аст.
Бар асоси гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла хабаргузории русии «Риановостӣ», ин роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон, Табрез ва Шероз бо иштироки даҳҳо ҳазор нафар ҷараён дорад. Теъдоди зиёди мардум бо дар даст доштани парчами Эрон ва акси раҳбарони инқилоби Эрон, ҳамзамон бо шиорҳои зидди истибдоду истеъмор, иродаи худро барои ҳифзи истиқлоли кишвар ва муқобила бо ҳар гуна фишорҳои хориҷӣ ба намоиш гузоштанд.
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоӣ бо сар додани шиорҳое монанди «Истиқлол, озодӣ, Ҷумҳурии Исломӣ» ва «Марг бар Амрико» бор дигар пойбандии худро ба арзишҳои инқилоб баён карданд. Ин ҳамоиши густурда нишон медиҳад, ки мардуми Эрон сарфи назар аз таҳримҳо ва фишорҳои хориҷӣ, ҳамоно дар роҳи ҳимоят аз истиқлолияти худ устувор ҳастанд.
Ба гузориши расонаҳои эронӣ, дар ҳошияи ин маросим барномаҳои гуногун, аз ҷумла суханрониҳои шахсиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ баргузор мешаванд. Дар Теҳрон раҳпаймоён ба сӯи майдони Озодӣ ҳаракат мекунанд, ки яке аз маконҳои таърихии марбут ба инқилоб маҳсуб мешавад.
Бар асоси иттилооти расмӣ, чорабиниҳои марбут ба солгарди инқилоб дар дигар кишварҳо низ бо ҳузури эрониён ва дӯстдорони инқилоби исломӣ баргузор мегардад. Дар шаҳрҳои мухталифи дунё ҷамъомадҳо ва нишастҳои илмӣ барои баррасии таъсири инқилоби исломӣ ба минтақа ва ҷаҳон барпо хоҳанд шуд.
Мардуми Эрон бо ҳузури худ дар роҳпаймоии 22 баҳман нишон доданд, ки пас аз 46 сол ҳамоно бо ҳамон шӯру ҳаваси ибтидоӣ аз арзишҳои инқилоб дифоъ мекунанд. Ин ҳамоиши бузург на танҳо паёми ваҳдати миллиро ба намоиш гузошт, балки иродаи қавии ин миллатро барои идомаи роҳи истиқлол ва муқовимат таъкид кард.
https://tajikpress.com/2025/02/10/