IQNA

Поёни барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар Ироқ

22:24 - February 11, 2025
рақами хабар: 2874
ИКНА - Дорулқуръони Остони муқаддаси Ҳусайнӣ аз поёни барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии Қуръон пас аз иштироки густардаи гурӯҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ хабар дод.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз торнамои Остони муқаддаси Ҳусайнӣ, барномаҳои ин муносибат беш аз як ҳафта идома дошт ва баргузории маҳофил ва фаъолиятҳои қуръонӣ ва ҳамчунин мусобиқаи маҳдавият бо ҳузур ва иштироки байналмилалӣ аз ҷумлаи ин барномаҳо буд.

Сайид Иброҳим Ал-Мӯсавӣ, раиси кумитаи баргузории барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар Ироқ, талошҳои гурӯҳҳои ширкаткунанда аз дохил ва хориҷи Ироқ дар ин муносибатро сутуд ва изҳор дошт: пажӯҳишгарон ва қориёни барҷастаи 12 кишвари арабӣ ва исломӣ дар ин барномаҳо ширкат карданд ва 170 пажӯҳишгар аз Сурия, Лубнон, Миср, Эрон, Алҷазоир, Фаронса, Англия ва Ироқ аз ширкаткунандагони Конфронси шашуми байналмилалии Имоми Ҳусайн (а) буданд.

Вай афзуд: "Ин конфронс фурсати муносибе барои мубодилаи андешаҳо дар бораи тафаккури қуръонӣ ва тавзеҳи нақши Аҳли байт (а) дар бунёди тамаддуни исломӣ буд."

Ал-Мӯсавӣ ҳамчунин изҳор дошт: "Рӯнамоии донишномаи қуръонии Аҳли байт (а) бо беш аз 10 соли талоши пайвастаи пажӯҳишӣ ва оғоз кардани тарҳи миллии "Ҷавонаҳо" бо ҳадафи шиносоӣ ва рушди истеъдодҳои нави қуръонии гурӯҳҳои синнусолии гуногун аз дигар барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии Қуръон буд."

Вай таъкид кард: "Беш аз 23 маҳфили қуръонӣ дар 16 устони Ироқ баргузор шуд, ки дар интишори рисолати Қуръон ва таҳкими фарҳанги қуръонӣ миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа нақши муассире дошт."

Ал-Мӯсавӣ изофа кард: "Дарулқуръони Остони муқаддаси Ҳусайнӣ таҳкими тарҳҳои қуръонии худро дар оянда бо ҳадафи интишори андешаи қуръонӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои гуногуни фарҳангӣ дар дастури кор қарор додааст ва натиҷаҳои ҳосил аз барномаҳои қуръонӣ як қадами муҳим барои рушди ингуна фаъолиятҳо мебошад."

Бар асоси ин гузориш, барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар Ироқ, ки ба муносибати иди Маъбаст оғоз шуд, истиқболи густардае дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дунбол дошт ва беш аз 50 қории барҷастаи ҷаҳони Ислом дар он ширкат карданд, ки мавриди таваҷҷӯҳи маҳофили қуръонӣ қарор гирифт.

https://iqna.ir/fa/news/4265430

captcha