Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Гардиян", муҳокимаи Ҳодӣ Матарӣ, ҳамлагаре, ки тақрибан ду сол пеш ба Салмон Рушдӣ ҳамла карда буд, дар Ню-Йорк оғоз шуд.
Ҳодӣ Матарии 27-сола, шаҳрванди амрикоии лубнонитабор, ки ба қасди куштани Салмон Рушдӣ муттаҳам аст, рӯзи душанбе, 11-уми феврал, дар додгоҳи ноҳияи Шутаква, воқеъ дар иёлати Ню-Йорк ҳозир шуд.
Ин муҳокима ҷудо аз муҳокимаи дигари ӯ дар додгоҳи федералӣ аст, ки ба иттиҳомоти эҳтимолии террористӣ марбут мешавад.
Дар оғози ҷаласаи додгоҳии Шутаква, қозӣ Девид Фолӣ, раиси додгоҳ, эълон кард, ки дархости Натаниял Баррон, вакили Ҳодӣ Матарӣ, барои ба таъхир андохтани ҷаласа рад шудааст. Азбаски Баррон феълан дар беморхона бистарист, ёвари ӯ дар ин муҳокима дифои ибтидоиро ба уҳда мегирад.
Ҳодӣ Матарӣ дар додгоҳ худро бегуноҳ эълон кард ва ду бор дар назди камераҳо бо овози баланд шиори «Фаластинро озод кунед» сар дод.
Ӯ муттаҳам аст, ки ду сол қабл ҳангоме ки Салмон Рушдӣ барои суханронӣ дар муассисаи Шутаква ҳозир шуда буд, ба ӯ ҳамла кардааст ва бо зарбаҳои пайдарпайи корд қасди куштори ӯро доштааст.
Дар натиҷаи ин ҳамла, Салмон Рушдӣ биноии як чашмашро аз даст дод ва яке аз дастонаш низ фалаҷ шуд.
Дар ин ҷаласа, додситонҳо ва шоҳидон изҳороташонро баён мекунанд ва интизор меравад, ки муҳокима аз 7 то 10 рӯз идома ёбад.
Инчунин, қарор аст, ки худи Салмон Рушдии (77-сола) дар яке аз ҷаласаҳо барои адои шаҳодат ҳузур ёбад. Ин нахустин рӯбарӯии ӯ бо Ҳодӣ Матарӣ пас аз ҳамлаи ду сол қабл хоҳад буд.
Раванди муҳокимаи ин парванда аз 4 феврал бо интихоби аъзои ҳайати мунсифа оғоз шуда, ҷаласаи рӯзи душанбе нахустин ҷаласаи расмии муҳокима ба шумор меравад.
Соли гузашта, Салмон Рушдӣ дар маросими ҷоизаи PEN-и Америко дар Ню-Йорк барои аввалин бор пас аз ҳамла дар мазҳари ом зоҳир шуд.
Рушдӣ дар ҳоле ҷоизаи «Озодии баён»-и Амрикоро дарёфт кард, ки китоби ӯ бо номи «Оятҳои шайтонӣ» бо тавҳин ва таҳқири муқаддасоти садҳо миллион мусулмон дар ҷаҳон эҳсосоти онҳоро захмӣ кардааст.
Баргузоркунандагони ҷоизаи PEN бо эҳдои ин ҷоиза ба ин шахси таҳқиргар дубора сиёсати ангезадори худро нишон дода, андаке аз эътибори боқимондаи худро назди озодандешони ҷаҳон аз даст доданд. Ин ҷоиза собит кард, ки аз дидгоҳи Салмон Рушдӣ ва ҷонибдоронаш, тавҳин ба эътиқоди миллионҳо мусулмон озодии баён ва амри ҷасурона маҳсуб мешавад.