IQNA

Тақсими 121 ҳазор нусхаи Қуръон дар масҷидҳои Дубай

22:32 - February 11, 2025
рақами хабар: 2877
ИКНА - Кумитаи баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръони – Ҷоизаи Дубай, вобаста ба Идораи умури исломӣ ва фаолиятҳои хайрияи Дубай, эълон кард, ки 121 ҳазор нусхаи Қуръон дар масҷидҳои ин Иморот дар чорчӯби тарҳи «Ҳар хона – як Қуръон» тақсим карда мешавад.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Баён, ин Қуръонҳо дар доираи тарҳи «Ҳар хона – як Қуръон», ки таҳти назорати Шайх Ҳамдон ибни Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум, валиаҳди Дубай ва вазири дифои Иморот, оғоз шудааст, ба масъулони масҷидҳо супурда шуданд, то миёни шаҳрвандони Иморот тақсим шаванд.

Аҳмад Дарвеш Ал-Меҳайрӣ, мудири кулли Идораи умури исломӣ ва фаолиятҳои хайрияи Дубай, изҳор дошт, ки ин иқдом дар чорчӯби барномаи «Соли ҷомеа» анҷом шуда, ҳадафи он таҳкими арзишҳои динӣ ва густариши огоҳии иҷтимоӣ дар робита ба қироат ва ҳифзи Қуръон мебошад.

Вай афзуд, ки истиқболи густарда аз ин тарҳ нишон медиҳад, ки ҷомеа бо китоби Худо иртиботи амиқ дошта, барои баҳрабардорӣ аз ин иқдоми муборак саъй мекунад.

Ал-Меҳайрӣ таъкид кард, ки иҷрои ин иқдом дар чорчӯби стратегияи Идораи умури исломии Дубай бо шиори «Наздик шудан ба ҷомеа» сурат мегирад ва ҳадафи он ҳамкории фаъол бо қишрҳои мухталифи ҷомеа тавассути барномаҳои нав ҷиҳати густариши арзишҳои исломӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи тарҳи «Ҳар хона – як Қуръон» гурӯҳҳои вижае барои назорат бар раванди тақсими Қуръонҳо дар масҷидҳои тамоми шаҳри Дубай ташкил шудаанд, то итминон ҳосил шавад, ки ин Қуръонҳо ба дасти шумораи бештари ниёзмандон мерасанд.

Ин тарҳ дар остонаи моҳи Рамазон бо ҳадафи ташвиқи ҷомеа барои омодагии беҳтар ба ин моҳи муборак, ки қироати Қуръон ҷузъи муҳими фазои маънавии он маҳсуб мешавад, иҷро шудааст.

Шаҳрвандони Иморот метавонанд бо муроҷиат ба наздиктарин масҷиди маҳалли зисти худ ин имконияти маънавиро истифода баранд.

https://iqna.ir/fa/news/4265464

captcha