IQNA

Ҳамос аз кишварҳои ҷаҳон ба хотири мухолифат бо тарҳи Трамп қадрдонӣ кард

22:12 - February 12, 2025
рақами хабар: 2882
ИКНА - Ҳаракати Ҳамос аз мухолифати кишварҳои ҷаҳон нисбат ба кӯчи иҷбории аҳолии Ғазза қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳаракати Ҳамос рӯзи чоршанбе аз муқовимати Урдун ва Миср нисбат ба кӯчи иҷбории аҳолии Ғазза ва таъкиди ин ду кишвар бар вуҷуди як нақшаи арабӣ барои барқароркунии Ғазза бидуни кӯчонидани сокинони он қадрдонӣ кард.

Ҳамос эълон кард, ки мухолифати Урдун нисбат ба кӯчи иҷбории аҳолии Ғазза идомаи мухолифати ин кишвар нисбат ба лоиҳаҳои кӯчҳои ҳатмӣ, ҷойгиркунӣ ва ватан ивазкунӣ мебошад; лоиҳаҳое, ки ҳадафи онҳо маҳв кардани ҳувияти миллати Фаластин ва хотима додани масъалаи одилонаи он мебошад.

Ҳамос аз мухолифати дустон дар кишварҳои арабӣ ва тамоми кишварҳои ҷаҳон қадрдонӣ кард, ки нисбат ба ҳар гуна нақшаҳо барои кӯчи иҷбории аҳолии Ғазза ё нобуд кардани ҳуқуқи миллии онҳо эътироз карданд.

Ҳамос боз як бор таъкид кард, ки миллати Фаластин ба замин ва ватани худ вафодор хоҳад буд ва ҳаргиз ягон роҳи ҳаллеро, ки ҳуқуқи ҳақиқии ин миллатро дар доштани озодӣ ва истиқлол нодида гирад, қабул нахоҳад кард.

https://tajikpress.com/2025/02/12/

captcha