Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Кафил, Маҷмаи илмии Қуръони остони Аббосӣ тавассути Маркази чопи Қуръони ин маҷма дар ҷашнвораи «Сибти Мунтазар: набераи мунтазар» истгоҳи хушнависии Қуръон барпо намуда, фаъолиятҳое бо ҳадафи ҷалби ҷавонон дар ин ҷашнвора анҷом додааст.
Ин маҷма ҳамчунин дар чорчӯби тарҳи миллӣ бо унвони «Ҷавонони Ал-Кафил», ки ба ҳиммати воҳиди иртибототи донишгоҳ ва мактаб вобаста ба бахши равобити умумии остони муқаддаси Аббосӣ иҷро мешавад, дар ҷашнвораи донишгоҳи Бағдод ҳузур ёфта ва истгоҳи хушнависии қуръониро ташкил намудааст.
Ин истгоҳи қуръонӣ, ки панҷ рӯз идома меёбад, бо истиқболи густурдаи донишҷӯёни донишгоҳҳои Бағдод барои ширкат дар хушнависии оятҳое аз Қуръони Карим рӯбарӯ шудааст.
Барпоии ин истгоҳ дар идомаи силсилаи барномаҳои қуръонии фарҳангии Маҷмаи илмии Қуръони остони Аббосӣ бо ҳадафи тақвияти иртибот ва таъомули маънавии донишҷӯён бо китоби Худо дар донишгоҳи Бағдод сурат гирифтааст.
Гуфтанист, ҷашнвораи «Сибти Мунтазар» ба муносибати нимаи Шаъбон ва дар остонаи солрӯзи мавлуди мубораки Имоми Маҳдӣ (аҷ) дар донишгоҳи Бағдод дар ҳоли баргузорӣ аст ва намоишгоҳи китобу акс аз дигар барномаҳои ин ҷашнвора мебошад.
Бахши умури фикрӣ ва фарҳангӣ, бахши маорифи исломӣ ва инсонии остон, Осорхонаи осори нафис ва нусхаҳои хаттии «Ал-Кафил» ва Маҷмаи илмии Қуръони Карим аз муассисаҳои вобаста ба остони Аббосӣ ҳастанд, ки дар ин ҷашнвора ҳузури фаъол доранд.