Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар изҳороти худ эълон кард, ки ҳузури мардум, тасвирҳои Қудс ва Масҷиди Ақсо дар амалиёти таҳвили асирони душман, паёми такрорӣ ба ишғолгарон ва ҳомиёни онҳост, ки инҳо хати қирмизи мо ҳастанд.
Дар ин баёния омадааст, ки давраи шашум (дар марҳилаи аввали мубодилаи асирон) озодии асирони душман таъкид мекунад, ки танҳо роҳи озод кардани онҳо ғайр аз роҳи гуфтушунид ва риояи шартҳои созишномаи оташбас вуҷуд надорад.
Ҳамос таъкид кард, ки мардуми мо ва уммати ислом манзараҳои қудрати муқовиматро бо иҷрои созишномаи мубодила мушоҳида карданд, созишномае, ки ҳосили ҳамбастагии миллат ва муқовимат аст.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар мухолифати бо нақшаи Трамп барои кӯчонидани маҷбурии мардуми Ғазза ва ҷойгир кардани онҳо дар Урдун ва Миср таъкид кард: Ба ҷаҳониён эълон мекунем, ки фақат як муҳоҷират вуҷуд дорад ва он ба Қудс аст (бозгашти фаластиниҳои оварa ба Қудси ишғолшуда) ва ин ҷавоби мо ба дархостҳо барои кӯчонидан ва ҳазфи масъалаи Фаластин аст, ки Трамп ва ҳомиёни ӯ пешниҳод кардаанд.
https://tajikpress.com/2025/02/15/