IQNA

Масҷиди ҷомеъи Алҷазоир; мизбони ҳалқаҳои қуръонии рамазонӣ

7:13 - February 17, 2025
рақами хабар: 2904
ИКНА - Мутаввалии масҷиди ҷомеъи Алҷазоир аз оғози сабти ном барои ҳалқаҳои ҳифз ва таҷвиди Қуръон, ки махсус барои моҳи мубораки Рамазон ташкил шудаанд, хабар дод.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз awras.com, мутаввалии масҷиди ҷомеъи Алҷазоир дар баёнияе эълом кард, ки ҳамзамон бо нахустин солгарди ифтитоҳи масҷиди ҷомеъи Алҷазоир, сабти ном барои ҳалқаҳои ҳифз ва таҷвиди Қуръон дар ин масҷид оғоз шудааст.

Ин масҷид аз дӯстдорони барномаҳои ҳифз ва тартилии Қуръони Карим даъват кард, ки рӯзҳои ҳафта ғайр аз ҷумъаҳо бо тамос бо масъулони сабти ном, имомони масоҷид ва мубаллиғон барои иштирок дар ин ҳалқаҳо сабти ном кунанд.

Сабти номи ибтидоӣ дар ин ҷаласаҳои омӯзиши қуръонӣ аз дирӯз, шанбеи 15 феврал 2025 оғоз шуда, то 28 феврал идома хоҳад ёфт. Мардон аз тамоми гурӯҳҳои синнӣ метавонанд пас аз намози аср дар мусаллои мардон ва занон низ пас аз намози аср дар мусаллои занон барои ширкат дар ин ҷаласаҳои қуръонӣ сабти ном кунанд.

Гуфтанист, масҷиди ҷомеъи Алҷазоир дорои як мадрасаи олии улуми исломӣ (Дорулқуръон) бо зарфияти 1500 нафар мебошад ва толибилмони қуръонӣ, ҳам алҷазоирӣ ва ҳам ғайриалҷазоирӣ, метавонанд пас аз ворид шудан ба давраҳои улуми исломӣ, дар синфҳои ин Дорулқуръон иштирок намоянд.

Ин масҷид бо ҳузури Абдулмаҷид Теббун, раисиҷумҳури Алҷазоир ва уламову шайхҳои ҷаҳони Ислом 13 феврали 2024 ифтитоҳ шуда буд.

Шайх Муҳаммад Ал-Маъмуни Қосимии Ҳасанӣ, мутаввалии ин масҷид, ба муносибати нахустин солгарди таъсиси масҷид гуфт:
"Ин масҷид яке аз бузургтарин биноҳои исломӣ дар даврони муосир аст ва на танҳо як сохтмони аз санг ва ороишоти исломӣ сохташуда, балки рамзи як сарзамини талошгар дар роҳи дин ва ҳувият ба ҳисоб меравад."

Вай афзуд: "Ин масҷид самараи истиқлол ва суботи Алҷазоир мебошад ва мафоҳими ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллати Алҷазоирро, ки дар Ислом реша дорад, дар бар мегирад."

https://iqna.ir/fa/news/4266485

captcha