Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Русия Ал-Явм", маҷбур кардани асирони фаластинӣ ҳангоми озодӣ ба пӯшидани либосҳое бо нишони ситораи Довуд ва навиштаи арабии «Фаромӯш нахоҳем кард ва нахоҳем бахшид» бо интиқодоти шадид дар дохил ва хориҷи сарзаминҳои ишғолшуда рӯ ба рӯ шудааст.
Як нависандаи саҳюнистӣ таъкид кардааст, ки либосҳое, ки ҳангоми озодии асирони фаластинӣ бар тани онҳо пӯшонда шуданд, як талоши бефоида барои рафъи таҳқири 7 октябри 2023 мебошад.
Айнав Шио, таҳлилгари саҳюнистӣ, гуфтааст: «Амали идораи зиндонҳои Исроил дар маҷбур кардани асирони фаластинӣ барои пӯшидани ин либосҳо на танҳо як иқдоми кӯдакона буд, балки ба обрӯи Исроил низ латма зад.»
Ӯ дар мақолае дар расонаи саҳюнистии «Ядиъут Ахронот» навишт: «Ин иқдом равандеро тақвият мебахшад, ки дар он Исроил мехоҳад бо забони арабӣ ва мутобиқ бо қоидаҳои ҳамсоягӣ сухан гӯяд ва инро бо силсилаизҳорот ва иқдомоте баён мекунад, ки баъзе аз онҳо боиси дур шудани он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мешаванд ва баъзеи дигар таъми талхе боқӣ мегузоранд. Ин як талоши беҳуда ва ҳатто риққатангез барои бартараф кардани таҳқири 7 октябр аст.»
Вай афзуд: «Чунин ҳаракатҳо метавонанд натиҷаи баръакс диҳанд ва мо дар ҷанг барои ҷалби афкори умумӣ шикаст мехӯрем.»
Шели Яҳимович, як нависандаи дигари исроилӣ, гуфтааст: «Маҷбур кардани зиндониён ба пӯшидани ин куртаҳо бо ваъдаи интиқоми Исроил нанговар аст. Аз имрӯз ба баъд, ин либосҳо боиси масхара шудани мо аз ҷониби асирони фаластинии озодшуда хоҳанд шуд.»
Созмони радиову телевизиони режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ тасвирҳое аз асирони фаластиниро дар ҳолати таҳқиромез бо ин либосҳо нашр кард.
Асирони фаластинии озодшуда дар доираи даври шашуми марҳилаи аввали мубодилаи «Тӯфони Ал-Ақсо» либосҳое, ки режими саҳюнистӣ пеш аз озодӣ маҷбуран бар онҳо пӯшонда буд, пас аз вуруд ба ҳавлии беморхонаи аврупоии Ғазза дар Хонюнис, ҷануби Навори Ғазза оташ заданд, то мухолифати худро бо ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ нишон диҳанд.