IQNA

Озодии омиле, ки ба таҳқири Қуръон дар Англия муттаҳам буд

7:20 - February 17, 2025
рақами хабар: 2908
ИКНА - Мардие, ки бо иттиҳоми оташ задани нусхае аз Қуръони Карим дар наздикии сафорати Туркия дар Лондон боздошт шуда буд, бо кафолат озод шуд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Five Pillars, марде, ки дар наздикии сафорати Туркия дар Лондон ба сӯзондани Қуръон даст зада буд, иддао кард, ки ангезаи нафратпарокании мазҳабӣ надошт.

Ҳамид Ҷашкун, марди 50-сола аз шаҳри Дербӣ, пас аз ин амали худ дар Наитсбриҷ рӯзи панҷшанбеи гузашта дастгир шуд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, марде дида мешавад, ки дар наздикии девори консулгарии Туркия китоберо месӯзонад ва мусулмонҳоро "террорист" мехонад.

Баъдтар шахси дигаре ба саҳна меояд ва кӯшиш мекунад, ки бо лагад задан оташ задани Қуръонро қатъ кунад.

Бар асоси гузориши полис, ин марди таҳқиркор бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуд. Ӯ қаблан гуфта буд, ки барои хунхоҳии Силвон Момика ба Лондон омадааст, то Қуръонро сӯзонад ва видеои он амалро нашр кунад.

Ҷашкун, ки дирӯз дар додгоҳи Вестминстер ҳозир шуд ва тавассути тарҷумон сухан гуфт, худро бегуноҳ эълон кард.

Вай бо қарори кафолат озод шуд ва 28-уми май барои муҳокима дубора дар ҳамон додгоҳ ҳозир хоҳад шуд.

Мари дуввум бо номи Мӯсо Қадрӣ, марди 59-сола аз Кенсингтон, ба иттиҳоми расонидани осеби ҷисмонӣ ва доштани силоҳи ҳамлавар муттаҳам шудааст. Вай рӯзи душанбе ба додгоҳи Вестминстер меравад.

Таҳқири Қуръон дар Лондон бо вокуниши кишварҳои исломӣ рӯбарӯ шуд.

Маркази Дидабони Ал-Азҳар дар поёни изҳороте хостори тасвиби қонунҳои назоратӣ, татбиқи қонунҳои мавҷуда барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин амалҳои нажодпарастона ва қабули қонунҳо барои назорат бар ғояҳои ифротгароёна дар фазои маҷозӣ шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4266497

captcha