Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз хабаргузориҳои Афғонистон, Толибон ин тасмимро пас аз афзоиши ҳамлаҳои ДИИШ дар кишвар амалӣ карданд.
Ин ду вилоят, ки бо Покистон марзи муштарак доранд, аз маконҳои аслии таъсиси ДИИШ-и Хуросон дар Афғонистон ба шумор мераванд.
Пас аз ин иқдоми Толибон, як мадраса дар ноҳияи Беҳсӯди Нангарҳор низ тасдиқ кард, ки фаъолияташ қатъ шудааст.
Манобеи огоҳ мегӯянд, ки аксари аъзои ДИИШ пайравони ҷараёни салафии афғон мебошанд, ки бо ҳукумати Толибон мухолифанд. Зеро Толибон асосан пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд.
Ҳамчунин, манбаъҳо изҳор доштаанд, ки дар сафҳои Толибони ҳанафӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳе ҳузур доранд, ки душманони сахти ваҳҳобиҳо буда, онҳоро "воҷибул-қатл" мешуморанд.
Саркӯби муназзами ваҳҳобиҳо тавассути Толибон дар ҳоле анҷом мешавад, ки Толибон онҳоро ҳомиёни ДИИШ ва рақибони худ медонанд, ки зидди ҳукумати Толибон ҳастанд.
Қаблан низ Толибон баргузории намози ҷамоати ваҳҳобиҳоро дар масҷидҳояшон манъ карда буданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ҳамлаҳое аз сӯи ДИИШ дар вилоятҳои Қундуз ва сипас Кобул сурат гирифт, ки боиси кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз нерӯҳои Толибон ва бархе ғайринизомиён гардид.