IQNA

Мусобиқаи 33-юми байналмилалии Қуръон дар Танзания бо иштироки 25 кишвар

12:21 - February 23, 2025
рақами хабар: 2930
ИКНА - Мусобиқаи 33-юми байналмилалии Қуръон дар Танзания рӯзи панҷшанбе, 20 феврал бо иштироки намояндагони 25 кишвар дар ин кишвар оғоз гардид.

Ба гузориши ИКНА бо истинод ба Шоҳид Ал-Ан, ин давраи мусобиқаҳо бо дастгирии Вазорати умури Исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистони Саудӣ ва бо ширкати 25 иштироккунанда аз 25 кишвар аз қораҳои мухталифи ҷаҳон дар Танзания баргузор шуда, то 23 феврал идома хоҳад дошт.

Арабистон, Туркия, Либия, Сенегал, Канада, Кувейт, Судон, Нигерия, Иморот, Марокаш, Йемен, Соҳили Оҷ, Русия, Сомалӣ, Эфиопия, Малайзия, Урдун, Кения, Англия, Амрико, Гана, Миср, Қатар, Алҷазоир ва Уганда кишварҳои иштироккунандаи ин мусобиқа мебошанд.

10 нафар аз иштирокчиёни ин мусобиқа ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ хоҳанд ёфт ва маросими хотимавӣ бо ҳузури 60 ҳазор нафар ва инчунин мақомот ва вазирони Танзания, намояндагони парлумони ин кишвар, дипломатҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои иҷтимоӣ баргузор хоҳад шуд.

Мақсадҳои гузоришшудаи баргузории ин мусобиқаҳо, ташвиқи ҷавонон ба ҳифзи Қуръон, тақвияти арзишҳои Исломӣ, паҳн кардани дарсҳои Қуръонӣ дар байни наслҳои рӯ ба гулун, тақвияти робитаҳо миёни кишварҳои Исломӣ ва тарбия кардани афроде, ки аҳамияти Қуръонро дар ҳаёти мусалмонҳо медонанд ва паҳн кардани сулҳ ва амният бо тақвияти арзишҳои Исломӣ, ки бар асоси таҳаммул ва миёнаравӣ аст, ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин замина, рӯзи ҷумъа, Комитети баргузоркунандаи мусобиқаҳо, 22-юмин нишасти матбуотии худро бо раёсати Шайх Усмон Алӣ Кабору, раиси мусобиқаи байналмилалии Қуръони «Ҷоизаи Танзания» дар ҷои баргузории рақобатҳо дар шаҳри Дарсалом баргузор кард.

Васоити ахбори дохилӣ ва байналмилалӣ дар ин нишаст ҳузур доштанд ва Абдуллоҳ бин Ятим Ал-Анзӣ, сухангӯи расмии Вазорати умури Исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистони Саудӣ дар суханронии худ дар нишаст ба кӯшишҳои Арабистон барои хизмат кардан ба Қуръон ва дастгирии мусобиқаҳои Қуръон дар кишварҳои мухталиф ишора кард.

Вай гуфт: Мусобиқаи байналмилалии Қуръон дар Танзания, ки бо таваҷҷуҳ махсуси Ҳукумати Танзания баргузор мешавад, яке аз амалҳоии Арабистон дар самти хизмат ба Қуръон мебошад, ки робитаҳои таърихии ва устувори ду кишварро нишон медиҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4267547

captcha