Ба гузориши ИКНА аз шабакаи Ал-Ҷазира, бар асоси гузоришҳои шабакаи Кани Исроил, ин режим пешбинӣ мекунад, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон маҳдудиятҳои бештареро барои намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидул-Ақсо ҷорӣ кунад.
Маҳдудиятҳо шомили ҷойгир кардани 3000 полис дар нуқтаҳои мухталифи вурудиҳо, ки ба Қудси Шарқӣ ва Масҷидул-Ақсо мераванд, мебошад. Кан ҳамчунин гузориш дод, ки мақомоти режими Исроил фаластиниҳое, ки тоза аз зиндон озод шудаанд, аз ворид шудан ба Масҷидул-Ақсо маҳрум хоҳанд кард.
Шабакаи N12 Исроил ҳамчунин гузориш дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон, на бештар аз 10,000 нафар иҷозат доранд барои намози ҷумъа ба саҳни Масҷидул-Ақсо ворид шаванд ва воридшавии онҳо шарти ба сабти дархост ва тасдиқи он аз ҷониби Исроил мебошад.
Ҳар ду расона гузориш медиҳанд, ки танҳо мардоне ки аз 55 сола боло ҳастанд ва заноне ки аз 50 сола боло ҳастанд, иҷозат доранд ба Масҷид ворид шаванд. Бо вуҷуди ин, N12 гузориш медиҳад, ки ба кӯдакони зери 12 сол ҳам иҷозаи дастрасӣ ба Масҷидул-Ақсо дода мешавад.
Маъмулан даҳҳо ҳазор фаластинӣ барои намоз дар моҳи мубораки Рамазон ворид мешаванд.
Илова бар ин, полиси режим Исроил фаластиниҳое, ки дар рафти мубодилаи асирон дар марҳилаи оташбаси Ғазза озод шудаанд, аз ворид шудан ба Масҷидул-Ақсо манъ хоҳанд кард.
Манбаъҳое, ки бо шабакаи телевизионии N12 Исроил суҳбат кардаанд, гуфтанд, ки вазъи Масҷидул-Ақсо дар моҳи шарифи Рамазон то андозае ба вазъи Ғазза вобаста хоҳад буд.
Ҷерусалим Пост ба нақл аз ин манбаъ навиштааст: "Агар оташбас ба роҳ монда шавад, интизор меравад, ки вазъ ором монад, вале дар ғайри ин ҳолат, нерӯҳои амниятӣ дар шумори зиёд барои пешгирӣ аз ташдиди ҳамалот ҷойгир хоҳанд шуд."
Моҳи мубораки Рамазон ва Масҷидул-Ақсо ба як нуқтаи асосии даргирӣ байни Исроил ва фаластиниҳо табдил ёфтааст.