IQNA

Ихроҷи кормандони Майкрософт ба далели мухолифат бо саҳюнистҳо

20:25 - February 26, 2025
рақами хабар: 2960
ИКНА - Ширкати Майкрософт панҷ корманди худро пас аз эътироз ба қарордодҳои ин ширкат бо артиши режими саҳюнистӣ ихроҷ кард.

Ба гузориши ИКНА, иқтибос аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, ин кормандон дар дафтари марказии Майкрософт дар Редмонди Вашингтон гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор намуда, пироҳанҳое бо шиорҳои зидди истифодаи технологияҳои ин ширкат дар ҳамлаҳо алайҳи фаластиниён ба тан доштанд.

Ин иқдом пас аз нашри гузорише анҷом шуд, ки нишон медиҳад ҳуши маснуъӣ ва хадамоти абрии Майкрософт дар амалиёти низомии Исроил истифода мешавад.

Дар пайи таҳқиқоти ахири Ассошиэйтед Пресс, маълум шудааст, ки ширкатҳои технологияи амрикоӣ бо таъмини абзорҳои ҳуши маснуъӣ ба Исроил, ба ин режим дар афзоиши ҷиноятҳо ва кушторҳо дар Ғазза ва Лубнон кӯмак кардаанд.

Ҳамчунин, рӯзномаи англисии Гордиян эълом кард, ки Майкрософт равобити худро бо артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ тақвият бахшида, дар ҷанги алайҳи Ғазза ҳимоятҳои фаннӣ анҷом додааст.

Гордиян афзуд, ки эътимоди артиши режими саҳюнистӣ ба технологияҳои Майкрософт дар ҷараёни ҷанги Ғазза ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст.

Афзоиши таҳримҳои академӣ алайҳи муҳитҳои илмии Исроил

Ҳамчунин, рӯзномаи ибрии Ҳaаретс бо истинод ба гузориши Ҷамъияти раисони донишгоҳҳои Исроил эълом кард, ки талошҳо барои таҳрими академияи муассисаҳои исроилӣ бо ангезаҳои сиёсӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Ин гузориш дар ҳоле баён мешавад, ки таҳримҳои илмӣ ва фарҳангӣ алайҳи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба далели ҷиноятҳои он дар Навори Ғазза ва саркӯби фаластиниён, дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш аст.

https://iqna.ir/fa/news/4268445

captcha