Хутбаи Шаъбония чист?
Хутбаи Шаъбония хутбае аз Паёмбари Акрам (с) дар бораи фазилати моҳи шарифи Рамазон аст. Аз онҷо ки ин хутба дар ҷумъаи охири моҳи Шаъбон ироа шудааст, ба номи "хутбаи Шаъбония" машҳур гардидааст. Дар ин хутба мардум ба риояти ҳолати зердастон ва ниёзмандон, назорати чашм, гӯш ва забон, тиловати Қуръони Карим, фиристодани дуруд ва салавот ва ёди рӯзи Қиёмат даъват шудаанд.
Ибороти маъруфи «Рамазон моҳи меҳмонии Худост» ва «Хоби рӯза дор ибодат аст» бар асоси муҳтавои ин хутба гуфта шудаанд.
Ҷойгоҳи моҳи мубораки Рамазон
Имоми Боқир (а) фармудаанд: «Барои ҳар чизе баҳоре ҳаст ва баҳори Қуръон моҳи мубораки Рамазон аст.» Моҳи шарифи Рамазон моҳи Қуръон ва моҳи нузули Қуръон аст, зеро оғози нузули Қуръон бар қалби поки Паёмбари гиромии Ислом (с) дар шаби Қадр будааст.
Дар ин моҳ Худованди Мутаол раҳмати худро барои бандагонаш арзонӣ доштааст. Паёмбари гиромии Ислом (с) дар ҷумъаи охири моҳи Шаъбон хутбае хондаанд, ки ба "хутбаи Шаъбония" машҳур аст. Дар ин хутба фармудаанд: «Эй мардум, ин моҳи бо баракат, раҳмат ва мағфират ба шумо рӯ овардааст.»
Ин моҳ назди Худо беҳтарин моҳҳост, рӯзҳояш беҳтарин рӯзҳост, шабҳояш беҳтарин шабҳост ва соатҳояш беҳтарин соатҳост.
Паёмбари гиромии Ислом (с) мефармоянд: «Шумо дар ин моҳ ба меҳмонии Худо даъват шудаед ва аз ҷумлаи аҳли каромати илоҳӣ қарор дода шудаед.» Ҳамчунин фармудаанд: «Нафасҳои шумо дар моҳи мубораки Рамазон тасбеҳ аст, хоби шумо дар ин моҳ ибодат аст, аъмоли шумо дар ин моҳ мақбул ва дуои шумо мустаҷоб аст.»
Дастуроти Паёмбар (с) дар хутбаи шаъбония
Паёмбар (с) дар ин хутба фармудаанд: «Ба фақирон ва ниёзмандон садақа диҳед, бузургонатонро гиромӣ доред, ба кӯчаконатон раҳм кунед, пайванди хешовандӣ нигоҳ доред, забони худро маҳфуз доред, чашму гӯши худро аз он чи набояд бубинед ва бишнавед, нигоҳ доред.»
Ҳамчунин фармудаанд: «Бар ятимони мардум меҳрубонӣ кунед, то бар ятимони шумо меҳрубонӣ шавад. Аз гуноҳонатон ба даргоҳи Худо тавба кунед ва дастонатонро дар намоз ба дуо бардоред, зеро беҳтарин лаҳзаҳо дар ин моҳ он аст, ки Худованд бо нигоҳи раҳмат ба бандагонаш нигоҳ мекунад. Агар Ӯро бихонед, иҷобат мекунад ва агар садо занед, посух медиҳад.»
Беҳтарин аъмол дар моҳи шарифи Рамазон
Паёмбар (с) дар хутбаи Шаъбония мефармоянд: «Эй мардум, ҳар кас ахлоқи худро дар ин моҳ некӯ кунад, Худованд дар рӯзи Қиёмат бар ӯ осон хоҳад гирифт. Ҳар кас дар ин моҳ бар зердасти худ осон бигирад, Худованд дар рӯзи Қиёмат ҳисобашро осон хоҳад гирифт.
Эй мардум, дарҳои биҳишт дар ин моҳ боз аст, аз Худованд бихоҳед, ки онҳоро бар рӯи шумо набандад. Дарҳои ҷаҳаннам баста аст, аз Худо бихоҳед, ки онҳоро бар шумо боз накунад. Шайтонҳо дар ин моҳ дарбанд ҳастанд, аз Худо бихоҳед, ки онҳо бар шумо мусаллат нагарданд.»