Чиҳилу шашумин сураи Қуръони Карим "Аҳқоф" ном дорад. Ин сура, ки аз сураҳои макӣ ба ҳисоб меояд, шасту шашумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст. Аҳқоф бо 35 оят дар ҷузъи 26 қарор гирифтааст.
Ин сураро ба далели вуҷуди ин вожа дар ояти 21, Аҳқоф номидаанд, ки дар борат достон ва сарзамини қавми Од, яъне қавми ҳазрати Ҳуд(а), сухан мегӯяд. Ҳазрати Ҳуд қавми хеш (од)-ро дар сарзамини Аҳқоф, аз азоби Худо бим дод. Сарзамини ин қавм қумзор буда ва Аҳқоф ба маънои шин ва қум аст. Ин вожа фақат як бор дар Қуръон омадааст.
Сураи Аҳқоф дар бораи қиёмат ва ҷойгоҳ ва вазъияти мӯъминон ва кофирон дар он ва аз беҳуда набудани хилқати ин ҷаҳон сухан мегӯяд ва Худовандро тавоно дар зиндакардани мурдагон муаррифӣ мекунад. Дар ин сура дар мавриди некӣ ба падар ва модар тавсия шудааст. Дар ривоёт омадааст ояти 15 ин сура дар бораи имом Ҳусайн(а) нозил шудааст. Дар бораи фазилати тиловати ин сура аз ҷумла ривоят шудааст ҳаркас ин сураро ҳар шаб ё ҳар ҷумъа бихонад, Худованд ваҳшати дунёро аз ӯ бармедорд, ва аз ваҳшати рӯзи қиёмат низ дар амон медорад.
Ғарази ин сура инзори мушриконе аст, ки даъват ба имон ба Худо ва Пасул ва маодро рад мекарданд. Ва ин инзор муштамил аст бар азоби алим барои касоне, ки онро инкор намуда, аз он эъроз кунанд, ва ба ҳамин ҷиҳат ин сура бо исбот маод оғоз шуда ва то охири сура ҳамин матлабро мукарраран хотирнишон сохтааст.
Дар ин оёт эҳтиҷоҷ бар ягонагии Худо ва бар нубувват низ шуда, ва ишорае ҳам ба ҳалокати қавми ҳуд ва қаряҳои атрофи Макка рафтааст, ва ба ин васила мардумро инзор мекунад. Ва низ аз омадани чанд нафар аз тоифаи ҷин назди Расули Худо (с) хабар медиҳад, ки баъд аз шунидани оёте аз Қуръон ба он ҷаноб имон оварда, ба назди қавми худ бозгаштанд, то эшонро инзор кунанд.
Мушрикони Макка худро дар авҷи қудрат медиданд ва тасаввур мекарданд, ки ҳеҷ ниёзе ба пазириши даъвати Паёмбар надоранд; Азинрӯ зимни таблиғи бутпарастӣ ва гумроҳ кардани мардум, ҳаққонияти оини Ислом ва таолими Қуръонро бо тамасхур инкор мекарданд. Сураи Аҳқоф барои ҳушдор ба кофирон ва мушрикони Қурайш нозил шуд, то ба онон ёдовар шавад, ки идомаи ин равиш саранҷоми бадеро барои онон дар дунё ва охират дар пай хоҳад дошт ва паймудани тариқи ботил ва бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳаққонияти Паёмбар ва инкори қиёмат, ҷуз нокомӣ дар дунё ва зиллат дар охират натиҷае барои онон дарбар нахоҳад дошт ва аз онҷо, ки дармони бемории ҳаққситезии онҳо танҳо бо ёдоварии азоби дардноки қиёмат муяссар буд, дар чанд оят аз сура бар мавзӯъи маод ва азоби кофирон ва арзаи онон бар оташи дӯзах таъкид мешавад.