Шайх Маън ибни Алӣ ал-Ҷарбо, раиси иттиҳоди қабилаҳои араби Ироқ, дар канори Конфронси 39-уми байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки дар Теҳрон баргузор шуд, дар суҳбат бо хабаргузории Иқно гуфт:
"Мо дар ин ҷо гирд омадем, то ба ҷаҳониён ёдрас кунем, ки Паёмбари Ислом (с) дар бораи ваҳдати инсонӣ ва ташкили ҳукумати одиле, ки ҳуқуқи тамоми шаҳрвандонро эҳтиром мекард, чӣ тавр амал мекарданд."
Ӯ афзуд:
"Вақте ки Паёмбар (с) ба шаҳри Мадина ҳиҷрат карданд, як санади қонунӣ таҳия карданд, ки яке аз аввалин қонунҳои асосии ҷаҳон ҳисоб мешавад. Дар он қонун, ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон — новобаста аз дину нажод ва ҷинс — эҳтиром мешуд.
Ҳамон 'Санади Мадина' ҳатто ҳуқуқи яҳудиҳо ва мушриконро ба расмият шинохта буд ва онҳоро низ ҳамчун шаҳрванд қабул мекард. Барои ҳамин, имрӯз мо — ҳамчун як миллат ва уммати арабиву исломӣ — сахт ба ваҳдат ва якпорчагӣ ниёз дорем, то муқобили хатарҳое, ки ҳамаро таҳдид мекунад, истода тавонем."**
Шайх ал-Ҷарбо идома дод:
"Имрӯз режими саҳюнистӣ ошкоро мегӯяд, ки ба дунболи барномаи 'Исроили бузург' аст. Ин аввалин бор аст, ки нахуствазири ин режим чунин чизро ба таври расмӣ ва рӯйрост дар баробари кишварҳои арабиву исломӣ эълон мекунад. Аз ин рӯ, мо ба шиддат ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ ниёз дорем, то муқобили ин хатари бузург биистем."**
Дар посух ба саволе дар бораи ахлоқи Паёмбар (с) ва нақши он дар таҳкими ваҳдати мусалмонон, ӯ гуфт:
"Паёмбар (с) Қуръони зиндае буданд, ки рӯи замин роҳ мерафтанд. Мо имрӯз шадидан ниёз дорем, ки аз ҳамин ахлоқ барои расидан ба ваҳдати исломӣ истифода барем."
Раиси иттиҳоди қабилаҳои араб дар посух ба саволе дар бораи чӣ гуна амаливу иҷроӣ гардондани сираи Паёмбар (с) дар зиндагии имрӯзаи мусалмонон гуфт:
"Мо бояд сираи Паёмбар (с)-ро аз як мавзӯи хушки китобиву мадрасавӣ табдил диҳем ба як дастури амалӣ дар зиндагии ҳаррӯза.
Ин сира бояд дар муомилаи байни худи мусалмонон ва ҳатто дар муносибат бо ғайримусалмонон ба кор равад, то тавонем дӯстии халқҳои дигарро ба сӯи ин дини бузург ҷалб кунем.
4304831