Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз NL Times, мусулмонони Ҳолланд моҳи мубораки Рамазонро оғоз кардаанд. Онҳо ин моҳи муқаддасро бо барномаҳои хайриявӣ ва корҳои умумиҷамъиятӣ ҷашн мегиранд.
Дар ҳоле ки таърихи оғози ин моҳ барои бисёре аз ҷомеаҳои турктабори Ҳолланд бо истифода аз ҳисобҳои нуҷумӣ пешакӣ муайян шуда буд, бархе дигар эъломи расмии Арабистони Саудиро пайравӣ карданд, ки оғози моҳи Рамазонро рӯзи ҷумъа эълом кард.
Масҷидҳо дар саросари Ҳолланд зиёфатҳои ифтор ташкил карда, бастаҳои ғизоӣ миёни ниёзмандон тақсим мекунанд. Созмони равобити байни мусулмонон ва давлат (CMO) эълом кард, ки талошҳои он барои ҷамъоварии кӯмакҳо имсол бар ёриҳои башардӯстона ба Ғазза мутамарказ хоҳад шуд. Ҳамчунин, тақрибан 5500 баста барои моҳи мубораки Рамазон ба зиндониёни мусулмон фиристода хоҳад шуд.
Бунёди исломии Ҳолланд, ки намояндаи 148 масҷид мебошад, чорабиниҳои "дарҳои боз" баргузор мекунад ва ғайримусулмононро даъват мекунад, то тавассути сайрҳои роҳнамоӣ, суханрониҳо ва хӯрокҳои умумӣ бо моҳи Рамазон ошно шаванд. Ҳамчунин, барномаҳои вижае барои афроди навгардида ба Ислом тарҳрезӣ шудааст.
Иттиҳоди футболи Ҳолланд (KNVB) сиёсати худро нисбат ба моҳи мубораки Рамазон такрор кардааст ва ба бозигарони мусулмон иҷоза медиҳад, ки ҳангоми бозиҳои шомгоҳӣ танаффуси кӯтоҳ дошта бошанд, то рӯзаи худро ифтор кунанд. Ин танаффус дар аввалин таваққуфи бозӣ пас аз ғуруби офтоб анҷом мешавад, ба шарте ки ҳадди ақал яке аз бозигарони дар майдон ҳузурдошта рӯза дошта бошад.
Моҳи Рамазон бо иди Фитр поён меёбад, ки онро "иди шукр" низ меноманд ва бо баргузории ҷашнҳо, тақдими тӯҳфаҳо ва ҷамъ омадани хешовандон ва дӯстони наздику дур гиромӣ дошта мешавад.
Таърихи ворид шудани Ислом ба Ҳолланд ба асри XVI милодӣ бармегардад, замоне ки шуморе аз тоҷирони турк ва эронӣ шурӯъ ба иқомат дар шаҳрҳои бандарии ин кишвар карданд. Пас аз иқомати тадриҷии мусулмонон, масҷидҳо бори аввал дар ибтидои асри XVII дар Амстердам сохта шуданд. Дар асрҳои баъдӣ, Ҳолланд шоҳиди муҳоҷирати парокандаи мусулмонон аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буд.
Имрӯз аксари аҳолии мусулмони ин кишварро муҳоҷирони марокашӣ ва турктабор ташкил медиҳанд. Ислом дувумин дини бузурги Ҳолланд пас аз масеҳият аст ва тибқи тахминҳои соли 2018, 5% аҳолии ин кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд. Аксари мусулмонони Ҳолланд аҳли суннат буда, бештари онҳо дар чор шаҳри бузурги ин кишвар – Амстердам, Роттердам, Ҳага ва Утрехт зиндагӣ мекунанд.
Имрӯз дар Ҳолланд зиёда аз 400 масҷиди фаъол мавҷуд аст, ки тақрибан 200-тои он ба турктаборон, 140-то ба марокашиҳо ва 50-тои дигарро сомалитаборон идора мекунанд. 10 масҷид низ ба дигар қавмҳои мусулмони Ҳолланд тааллуқ дорад. Мазҳаби шиа дар ин кишвар тайи ним асри охир шоҳиди рушд гардида, пайравони онро асосан муҳоҷирони эронӣ, ироқӣ ва афғон ташкил медиҳанд.