Ба гузориши ИКНА, ин гурӯҳ дар чорчӯби барномаи фарҳангии Вазорати умури исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистон, ки дар давоми иқомати онҳо дар Мадина иҷро мегардад, ба Маҷмааи чоп ва нашри Қуръони Малик Фаҳд ташриф оварданд.
Ин боздид ҳамзамон бо рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон дар Арабистон баргузор шуд. Дар он 250 зану мард аз 14 кишвари Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва қораи Уқёнусия, аз ҷумла Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Туркия, Шри-Ланка, Непал, Малдив, Қазоқистон, Тоҷикистон, Гурҷистон, Австралия, Зеландияи Нав ва Русия ширкат варзиданд.
Зоирон бо бахшҳои мухталифи Маҷмааи чопи Қуръони Малик Фаҳд ошно шуда, бо раванди чопи Қуръон, абзори муосири чоп ва баррасии ниҳоии каломи ваҳй шинос гардиданд.
Масъулони маҷмаа дар бораи талошҳои анҷомшуда барои ҳифз ва тарҷумаи Қуръон ба забонҳои мухталиф, инчунин раванди ниҳоии баррасӣ ва тасҳеҳи Қуръон барои чоп тавзеҳ доданд.
Дар поёни барнома, масъулони Маҷмааи чопи Қуръони Малик Фаҳд ба зоирони нусхаҳои Қуръони чопшудаи марказро ба ҳадя тақдим карданд.
Ин гурӯҳи зоирон пеш аз ворид шудан ба Макка барои адои маносики Умра, як муддат дар Мадина иқомат доранд. Дар ин муддат, онҳо дар маросими намозгузорӣ дар масҷиди Набавӣ (с) ширкат варзида, инчунин аз осорҳои таърихӣ ва масоҷиди шаҳр боздид мекунанд.