Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Айн, Ислом дар Русия пас аз Масеҳият дувумин дини бузург ба шумор меравад. Ин кишвар минтақаҳоеро дар бар мегирад, ки сокинони онҳо ба таври суннатӣ пайрави дини Ислом ҳастанд, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ монанди Ингушетия, Чеченистон, Доғистон, Кабардину Балқария, Қарачаю Черкесия, инчунин Бошқирдистон, Тотористон ва чандин минтақаи дигар, ки мусалмонон қисми зиёди аҳолии онҳоро ташкил медиҳанд.
Дарозии рӯзадорӣ дар Русия дар баъзе мавридҳо то 22 соат мерасад, ки ин Русияро дар миёни кишварҳои ҷаҳон яке аз он давлатҳое қарор медиҳад, ки дарозтарин соатҳои рӯза гирифтани рӯзадоронро дорад.
Дар моҳи мубораки Рамазон, мусалмонони Русия, бар хилофи бисёре аз кишварҳои исломӣ, зиндагии ҳаррӯзаи худро ба таври табиӣ идома медиҳанд ва ҳеч тағйире дар соати корӣ ё рухсатии онҳо ба вуҷуд намеояд.
Бо вуҷуди фарқият дар одоб ва русум, мусалмонони Русия дар ин моҳи муборак ба адои намозҳои ҷамоатӣ, бахусус намози таровиҳ, аҳамияти зиёд медиҳанд. Аммо шеваи баргузории маросими моҳи Рамазон дар минтақаҳои гуногуни кишвар фарқ мекунад.
Масҷидҳои бузурги Русия дар тӯли 30 рӯзи моҳи Рамазон маросими хатми Қуръон баргузор мекунанд.
Яке аз анъанаҳои рамазонӣ дар Русия барпо кардани суфраҳои ифтори гурӯҳӣ мебошад. Ба ин маросим шахсоне даъват мешаванд, ки Қуръонро некӯ тиловат мекунанд ва маълумоти хубе дар бораи Ислом доранд. Ин шахсон чанд ояти Қуръонро қироат мекунанд ва сипас дарс ё суханронии худ дар бораи моҳи мубораки Рамазон ва Ислом ироа мекунанд, ки таъсири мусбат дар ҳозирин мегузорад.
Дар Маскав, пойтахти Русия, ҳамасола дар моҳи Рамазон як суннате бо номи «Хаймаи Рамазон» баргузор мешавад. Ин хайма дар канори масҷиди Баклонная Гора барпо мешавад ва аз ҷониби Шӯрои муфтиёни Маскав, ки олитарин ниҳоди исломии ин кишвар аст, ташкил ва идора карда мешавад.
Хаймаи Рамазон як рӯйдоди вижа аст, ки ҳар рӯз суфраҳои ифтор барои беш аз 600 нафар, новобаста аз миллат ё ақидаашон, баргузор мешавад. Ҳамаи ҳозирон метавонанд аз хизматрасониҳои хайма ба таври ройгон истифода баранд.
Дар ин хайма таомҳои маъруфи минтақаҳои мусалмоннишини Русия пешниҳод шуда, ҳамчунин мусобиқоти ҳифзи Қуръон барои кӯдакон баргузор мегарданд.
Корҳои Хаймаи Рамазон ба ин шакл сурат мегиранд, ки Шӯрои муфтиёни Русия барномаи онро эълом мекунад ва ҳар яке аз 30 рӯзи моҳи Рамазон ба яке аз кишварҳои исломӣ бахшида мешавад.
Дар ин маросим одатан сафири кишварҳои исломӣ ва чанд тан аз уламои мусалмони он кишвар ҳузур доранд ва як руҳонии Шӯрои муфтиёни Русия низ суханронӣ мекунад.
Қироати оятҳо аз Қуръони Карим, мадҳиясаройӣ ва тӯвошеҳ (нағамотӣ) дар бораи моҳи Рамазон аз барномаҳои доимии Хаймаи Рамазон дар Маскав ба ҳисоб мераванд.
Нафиюллоҳи Оширов, раиси идораи мусалмонони бахши осиёии Русия, бар ин бовар аст, ки Хаймаи Рамазон дар таҳкими дӯстиҳо миёни мусалмонони Русия ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон нақши муҳиме иҷро мекунад.
Дар Ҷумҳурии Доғистон, мусалмонон барои ифтор ва адои намози таровиҳ дар масҷиди бузурги шаҳри Махачқалъа, пойтахти ин ҷумҳурӣ, ҷамъ меоянд.
Ҳукумати Чеченистон дар моҳи мубораки Рамазон аз хонаводаҳое, ки бо ҳам ихтилоф доранд, даъват мекунад, ки дар ин моҳ оштӣ кунанд. Ҳатто баъзан кӯмиҷавҳои махсус барои ҳалли низоъҳо миёни оилаҳо таъсис дода мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тотористон, мусалмононе, ки қодир ба рӯза гирифтан нестанд, ба ҷойи он 100 рубл барои ҳар рӯзи рӯза ба ниёзмандон кӯмак мекунанд.
Аз нӯшокиҳои маъмул дар моҳи Рамазон дар Русия ва кишварҳои арабӣ, метавон ширинии ликор, хурмо, субия ва харуб-ро ном бурд, ки дар ин моҳ маҳбубияти зиёд доранд.