Ба гузориши ИКНА, манобеи Ал-Манотиқ хабар доданд, ки Сауд бин Машъал бин Абдулазиз, муовини амири Макка, осорхонаи Қуръони Каримро ҳамчун яке аз бахшҳои асосии минтақаи фарҳангии Ҳаро ифтитоҳ кард. Ин осорхона яке аз марказҳои ғании исломӣ буда, дониши динӣ ва фарҳангии зоирони Маккаро афзоиш хоҳад дод.
Тарроҳӣ ва таъсиси ин осорхона дар чорчӯби як низоми ҳамоҳанг бо назорат ва ҳимояти ҳайати подшоҳии Арабистон дар Макка ва мавқеъҳои муқаддас анҷом шудааст. Ин макон бо ҳамгироии дониш ва технологияҳои муосир ба меҳмонон таҷрибаи ҳамаҷонибаеро пешниҳод мекунад.
Дар осорхонаи Қуръон, ки дар минтақаи фарҳангии Ҳаро ҷойгир аст, маҷмӯае аз нусхаҳои нодир ва Қуръонҳои таърихӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дисплейҳои ин осорхона барои ошноии меҳмонон бо раванди ҷамъоварии Қуръон ва таваҷҷуҳи мусалмонон ба он дар тӯли давраҳои мухталиф имконият фароҳам меоранд.
Тафсири арзиш ва мақоми Қуръон ҳамчун манбаи асосии ҳидояти мусулмонон ва ғанӣ гардондани таҷрибаи меҳмонон бо шеваҳои муосири намоиш аз ҳадафҳои таъсиси ин осорхона мебошанд. Ин макон дар ростои талошҳои ҳайати подшоҳии Арабистон барои эҳёи мавзеъҳои таърихӣ таъсис ёфтааст.
Осорхонаи Қуръони Ҳаро дар моҳи Рамазон барои қабули меҳмонон омода хоҳад буд ва дар ин рӯзҳо имконияти бесобиқаеро барои боздидкунандагон ба манзури омӯхтани таърих ва нусхаҳои хаттии қадимӣ фароҳам мекунад.
Минтақаи фарҳангии Ҳаро дар наздикии ғори Ҳаро, ки маҳалли нузули ваҳй бар Паёмбар (с) мебошад, воқеъ аст ва бахшҳои мухталиферо дар бар мегирад, аз ҷумла намоишгоҳи «Ваҳй», ки дар он меҳмонон бо достони нузули ваҳй бар анбиёи илоҳӣ ошно шуда, таҷрибаи болоравӣ ба ғори Ҳароро касб мекунанд.