IQNA

Рақобати қории эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карбало + Филм

19:55 - March 05, 2025
рақами хабар: 2993
ИКНА - Раҳим Шарифӣ, қории эронӣ, дар бахши аввал аз даври дуюми мусобиқоти байналмилалии тиловати Қуръон «Ҷоизаи Ал-Амид» дар Карбало тиловати Қуръон анҷом дод.

Ба гузориши ИКНА, ба нақал аз Ал-Кафил хабар доданд, ки ин мусобиқот ба муносибати моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори Маҷмаи илмии Қуръони Карим дар ҳарами муқаддаси Аббосӣ баргузор шудааст ва қориён аз 22 кишвар дар он ширкат доранд.

Дар ин мусобиқот 30 қорӣ дар гурӯҳи бузургсолон ва 10 қорӣ дар гурӯҳи ҷавонон бо ҳам рақобат хоҳанд кард ва кумитаи доварони байналмилалӣ бар ҷараёни он назорат мекунад.

Дар бахши аввал аз ин мусобиқа, қориён аз се кишвари арабӣ ва исломӣ ба тиловати Қуръон пардохтанд. Инҳо иборат буданд аз Раҳим Шарифӣ аз Эрон, Билол Ҳамфӣ аз Туркия ва Исом Абдулҳафиз аз Либия.

Ин бахш ҳамчунин мизбони Мустафо, як ҷавони маълули ироқӣ буд, ки достони рӯ овардани ӯ ба ҳифзи Қуръон барои ҳозирин нақл шуд.

Ҳузури ин ҷавони ироқии ҳофизи Қуръон дар мусобиқоти тиловати Қуръон, иқдоме барои нишон додани таваҷҷуҳи ҳудуди Аббосӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои ҳофизони Қуръон ва ҳимоят аз онҳо буд. Ӯ ҳамчунин тавсияҳои кумитаи доварони мусобиқотро дар заминаи ҳифзи Қуръон дарёфт кард.

Гуфтанист, мусобиқоти байналмилалии Қуръон «Ҷоизаи Ал-Аъмид» аз талошҳои ҳудуди Аббосӣ барои густариши фарҳанги қуръонӣ ҳамчун як равиши муҳим дар саодати фард ва ҷомеа мебошад. Дар даври дуюми ин мусобиқот қориён аз кишварҳои арабӣ, осиёӣ ва африқоӣ ширкат кардаанд.

Миср, Эрон, Индонезия, Афғонистон, Малайзия, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд аз ҷумлаи кишварҳои ширкаткунанда дар ин даври мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карбало мебошанд. Даври аввалини ин мусобиқот соли гузашта дар моҳи Рамазон бо ҳузури намояндагони 21 кишвар баргузор шуда буд.

Раҳим Шарифӣ, таваллуди соли 1364 ҳиҷрии шамсӣ (1985 мелодӣ) дар шаҳри Ромҳармази устони Хузистон, узви гурӯҳи байналмилалии тавошиҳи «Сибтайн» дар Аҳвоз буда ва дар мусобиқоти гуногуни тавошиҳ унвонҳо ба даст овардааст.

https://iqna.ir/fa/news/4269635

captcha