Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Остони Ҳусайнӣ, ин масоҳиф бо талоши мушовири умури қуръонии Остони Ҳусайнӣ нашр шуда, ҳамчунин барномаи махсуси мобилии он аз ҷониби шуъбаи барномасозии муовинати расонаии остон таҳия шудааст.
Шайх Ҳасан ал-Мансурӣ, мушовири умури қуръонии тавлияти Остони Ҳусайнӣ, дар суханронии худ дар ин маросим, ҳузури моҳи шарифи Рамазонро табрик гуфта, мухтасаран марҳилаҳои такмили ин мусҳафро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки талошҳои зиёде сурат гирифт, то ин асар бо сатҳи баланди дақиқ ва устуворӣ таҳия шавад. Ба ҳамин далел, як кумитаи байналмилалӣ иборат аз коршиносони барҷаста дар баррасии марҳилаҳои такмили он ширкат доштанд.
Алии Сафсор, узви кумитаи бознигарии мусҳафи Остони Ҳусайнӣ, низ ба хусусиятҳо ва аҳаммияти ин нусхаи беназири мусҳаф дар таҳкими фарҳанги қуръонӣ мутобиқ бо ниёзҳои замон ишора кард ва гуфт: кумитае, ки бар ин дастовард назорат мекард, иборат аз мутахассисоне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳони Ислом буд.
Дар идомаи маросим, Мунтазир ал-Мансурӣ, мудири Маркази байналмилалии таблиғи Қуръони Остони Ҳусайнӣ, бахшҳо ва муҳтавои рақамии барномаи мобилии ин мусҳаф ва тарзи истифода аз имкониятҳои он, аз ҷумла тафсир, ҷустуҷӯ, хатмҳои Қуръон ва дигар хидматҳои муосири фанновариро тавзеҳ дод.
Дар поёни ин маросим, мусҳаф бо ҳузури Шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоӣ, муътамад ва намояндаи Оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ ва шахсиятҳои илмии ҳозир рӯнамоӣ шуд. Ҳозирин аз ин асари муборак, ки самараи фаъолиятҳои босифати Остони Ҳусайнӣ дар густариши улуми қуръонӣ бо истифода аз шеваҳои муосири мутобиқ ба рушди фанновариҳои рақамист, ситоиш карданд.