Ба гузориши ИКНА, ин филм, ки зиндагиномаи Муовия ибни Абӯсуфёнро нақл мекунад, ҳаводиси пас аз қатли Усмон ибни Аффон (халифаи севум) ва ба хилофат расидани ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (а)-ро тавассути ихтилофоти сиёсие, ки бо таъсиси давлати Умавиён анҷом ёфт, ба тасвир мекашад. Ин асар комилан ба забони арабии фасеҳ таҳия шудааст ва гурӯҳе аз ҳунарпешагони араб, аз ҷумла Ияд Нассор, Луҷайн Исмоил, Сомир ва Айман Зайдон ва Суҳайр бин Амора, инчунин филмноманавис Холид Солеҳ ва коргардони маъруфи мисрӣ Ториқ Ал-Ариён дар он нақшофаринӣ кардаанд.
Бо вуҷуди буҷаи бузург ва таваҷҷуҳи зиёд ба ин тарҳ, филми мазкур бо мухолифати шадиди ниҳодҳои мазҳабӣ, бахусус Ал-Азҳар, рӯбарӯ шудааст. Ин муассисаи мазҳабӣ эълон кард, ки намоиши саҳобаҳо дар филмҳо «аз назари динӣ ҳаром» мебошад.
Хабаргузории ироқии «Бараса» дар як мақола ба мавзӯи иғвоангез будани ин филм ишора намуда, навиштааст:
Масъалаи тафриқа байни мусалмонон дар чорчӯби лоиҳаи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ қарор мегирад. Амали Оли Сауд ва ҳокимони Арабистони Саудӣ барои таҳияи филм дар бораи Муовия ибни Абӯсуфён бо ҳадафи зарба задан ба ваҳдати мусалмонон сурат гирифтааст. Хусусан, ки замони пахши ин силсила ба таври қасдона моҳи мубораки Рамазон интихоб шудааст, то дар ин моҳи муқаддас, ки мусалмонони саросари ҷаҳон бо ҳам муттаҳиданд ва ихтилофоти мазҳабӣ ба ҳадди ақалл мерасад, фитна барангехта шавад.
Оли Сауд адовати худро бо Расули Худо (с), Аҳли байти ишон ва Ислом пинҳон намекунад. Истеҳсоли филми «Муовия» бо харҷи 100 миллион доллар чизе ҷуз баёнгари нафрат ва душмании амиқи онҳо бо Ислом ва мусалмонон нест. Онҳо махсусан дар бораи шахсияти як ҳокими золим филм сохтаанд, ки адовати худро бо Амири Мӯъминон, ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ошкоро эълон карда буд ва фарзанди ишон, яъне Имом Ҳасан (а)-ро ба шаҳодат расонид.
Истеҳсоли ин филм як нақшаи палиди шайтонӣ бо ҳимояти режими саҳюнистӣ мебошад.