Тавре ки дар матлабҳои қаблӣ низ ишора шуда буд, рӯза ба ҷуз абъоди маънавӣ, дорои таъсироти ҷисмонӣ ва равонии назаррас низ мебошад. Яке аз ин таъсирот, боло бурдани тамаркуз ва тақвияти ҳофиза мебошад, ки тавассути равандҳои ҷисмонӣ ва равонии вобаста ба рӯза ҳосил мегардад.
Рӯза бо эҷоди низом дар зиндагии ҳаррӯза ва кам кардани парешонии ҳуши вобаста ба истеъмоли ғизо ва нӯшокиҳо ба афзоиши тамаркуз кумак мекунад. Вақте ки шахс аз хӯрдан ва нӯшидан парҳез мекунад, нерӯи зеҳнии худро бештар ба масоили маънавӣ ва фаолиятҳои фикрӣ мутамарказ месозад. Ин ҳолат, бахусус дар моҳи Рамазон, ки замони афзоиши ибодат ва қироати Қуръон аст, барои рӯзадорҳо бештар эҳсос мешавад.
Қуръони Карим дар ояти 45-и сураи Анкабут мефармояд:
«إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ وَلَذِكْرُ اللَّهِ أَكْبَرُ» «Ҳамоно намоз инсонро аз амалҳои зишту ношоиста бозмедорад ва ёди Худо бузургтар аст.»
Гарчанде ки дар ин оят ба таври хос ба намоз ишора шудааст, метавон аз мазмуни он чунин дарк кард, ки ибодатҳо –аз ҷумла рӯза– метавонанд зеҳнро аз андешаҳои манфӣ пок намуда, шахсро ба сӯи ёди Худо роҳнамоӣ кунанд. Ин худ боиси афзоиши тамаркуз мегардад.
Рӯза бо ворид сохтани тағйироти мусбат дар бадан, аз ҷумла коҳиши сатҳи қанди хун ва афзоиши тавлиди сафедаҳои мағзӣ, ба тақвияти хотира кумак мекунад. Рӯзаи муназзам метавонад боиси зиёд шудани нейронҳои мағз ва беҳбуди фаъолияти маърифатӣ гардад.
Дар маҷмӯъ, рӯза бо ба вуҷуд овардани тавозун дар бадан ва зеҳн, ба боло бурдани тамаркуз ва тақвияти хотира мусоидат мекунад. Ин раванд тавассути тақвият додани тақво, коҳиши парешониҳои моддӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба масоили маънавӣ ҳосил мегардад. Қуръони Карим низ бо таъкиди аҳамияти тақво ва ёди Худо ба таври ғайримустақим ба ин таъсироти мусбати рӯза ишора кардааст.
Бо таҷрибаи рӯза дар моҳи Рамазон, шахс на танҳо ба саломатии ҷисмонӣ даст меёбад, балки фаъолияти зеҳнӣ ва равонии худро низ беҳтар месозад. Ин моҳ фурсати муносибест барои поксозии зеҳн, афзоиши тамаркуз ва тақвияти хотира тавассути ибодат ва худсозӣ.