Моҳи Рамазон фурсатест барои тақвияти имон, поксозии нафс ва идора кардани эҳсосоти манфӣ, аз ҷумла хашму изтироб. Рӯза доштан дар ин моҳ танҳо ба маънии худдорӣ аз хӯрдан ва нӯшидан нест, балки назорат бар рафтор, гуфтор ва ҳатто андешаҳои инсонро низ дар бар мегирад. Қуръони Карим дар оятҳои гуногун бар аҳамияти идора кардани хашм ва изтироб ишора намуда, роҳҳои идора кардани ин эҳсосотро тавзеҳ додааст. Масалан, дар ояти 134-и сураи Оли Имрон Худованд мефармояд:
«الَّذِينَ يُنفِقُونَ فِي السَّرَّاءِ وَالضَّرَّاءِ وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ ۗ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ»
«Онҳо, ки дар ҳолати тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми худро фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум мегузаранд; Худованд некӯкоронро дӯст медорад».
Ин оят ба таври равшан бар аҳамияти фурӯ бурдани хашм таъкид мекунад ва онро нишонаи некӯкорӣ ва тақво медонад. Дар моҳи Рамазон, рӯзадорон бо машқи сабру таҳаммул метавонанд хашми худро назорат карда, ба ҷои вокунишҳои шадид, аз хатои дигарон гузашт кунанд.
Рӯза доштан бо маҳдудият дар хӯрдану нӯшидан ва дигар корҳои моддӣ ба инсон меомӯзад, ки чӣ гуна бар ҳавову ҳавасҳои нафси худ ғолиб ояд. Вақте шахс дар давоми рӯз аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ мекунад, дар асл, машқи назорат бар нафси худро анҷом медиҳад. Ин машқ на танҳо ба ҷанбаи ҷисмонӣ, балки ба ҳолати рӯҳӣ ва равонии инсон низ таъсиргузор аст. Шахси рӯзадор меомӯзад, ки чӣ гуна эҳсосоти манфии худро, ба монанди хашм ва ғазаб, идора кунад.
Дар ояти 183-и сураи Бақара, Худованд мефармояд:
«يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ»
«Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо фарз карда шуд, ҳамон тавре ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед».
Таъкиди парҳезгорӣ (тақво) дар ин оят нишон медиҳад, ки ҳадафи аслии рӯза тақво ва парҳезгорист, ки бахши муҳиме аз он ба назорат кардани эҳсосот ва рафторҳои инсон марбут аст.
Хулоса моҳи шарифи Рамазон як фурсатест барои машқ ва таҳкими ирода дар идора кардани хашм. Бар асоси таълимоти Қуръон, меваи рӯза тақво мебошад ва тақво боис мешавад, ки инсон эҳсосоти манфии худро, аз ҷумла хашм, идора намояд.