Муҳаммад Абӯ Усома, хушнависи Қуръон ва ҳадис ва раиси Анҷумани хушнависони Алҷазоир дар гуфтугӯ бо ИКНА дар ҳошияи Сиюдувумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръон ҳангоми муаррифии худ изҳор кард: Ман муҳандиси фанноварӣ ҳастам ва пас аз давраи бознишастагӣ ва синни 60-солагӣ ба хушнависии арабӣ рӯ овардам ва ба хушнависии Қуръон ва лавҳаҳо бо мазмуни хушнависии арабии исломӣ машғул шудам.
Абӯ Усома, ки барои нахустин бор иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони кишвари моро таҷриба мекунад, афзуд: То кунун ин миқдор аз таваҷҷуҳ ва аҳаммият ба Қуръонро, ки дар Эрон вуҷуд дорад, дар ҷойҳои дигар надидаам. Дар Эрон ба шакли қобили таваҷҷуҳ ба Қуръон ва фаъолиятҳои қуръонӣ пардохта мешавад ва ман хушҳолам, ки дар ин намоишгоҳ иштирок кардам ва ин фаъолиятҳо ва ҳунари қуръониро аз наздик мебинам.
Ин ҳунарманди қуръонӣ таъкид кард: Пеш аз ин дар намоишгоҳҳои қуръонӣ дар Алҷазоир ва кишварҳои аврупоӣ мисли Фаронса иштирок кардаам ва бовар дорам, ки дар Намоишгоҳи Қуръони Теҳрон осори қобили қабул пешниҳод шудаанд. Дар бахши байналмилалии намоишгоҳ, лавҳаҳои пешниҳодшудаи ҳунармандони Туркия, Босния ва Ҳерзеговина, Русия ва дигар кишварҳоро аз наздик дидам ва ин лавҳаҳо таваҷҷуҳи маро ҷалб карданд ва бояд гуфт, ки ин осор дар сатҳи намоишгоҳ пешниҳод шудаанд.
Вай дар бораи роҳҳои интиқоли паёми Қуръон ва мафоҳими қуръонӣ ба насли нав бо забони ҳунар гуфт: Ман ҳамеша мегӯям, ки барои ин ҳадаф бояд омӯзиш ва тарбиятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, махсусан дар заминаи хушнависии қуръонӣ ба омӯзиш пардохт ва ба ин масъала таъкид кард, ки набояд риштаҳои ҳунарӣ, ба вижа хушнависиро барои масоили бефоида истифода бурд, балки бояд аз ин ҳунар барои китобати Қуръон, ҳадис ва ҳикматҳои исломӣ баҳра барем ва дар раванди омӯзиш ба ин масъалаҳо таъкид кунем.