IQNA

Арзиши мусҳафи «Самаратул-Арбаъин» дар намоишгоҳи Қуръон + Акс

15:06 - March 12, 2025
рақами хабар: 3033
ИКНА - Мусҳафи «Самаратул-Арбаъин би аномилуз-зоирин» (нусхаи дастнависи Қуръон ба хатти зоирони Арбаъин) дар ғурфаи Маҷмаи илмии Қуръон вобаста ба Остони муқаддаси Аббосӣ дар бахши байналмилалии Намоишгоҳи Қуръони Теҳрон барои умум ба намоиш гузошта шудааст.

Ба гузориши ИКНА, ин нусхаи дастнависи Қуръон дар соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ аз тарафи зоирони ширкаткунанда дар маросими Арбаъини Ҳусайнӣ китобат шудааст ва намоиши ин асари арзишманд бо истиқболи зиёраткунандагони бахши байналмилалии сию дуюмин Намоишгоҳи Қуръони Теҳрон рӯ ба рӯ шудааст.

Дар ғурфаи Маҷмаи илмии Қуръони Остони Аббосӣ ҳамчунин, чопи аввал то шашуми мусҳафи Остон, ки ба хатти «Ҳамиди Саъдӣ», хушнависи барҷастаи ироқӣ китобат шудааст ва нахустин нусхаи Қуръон ба хатти хаттоти ироқӣ маҳсуб мешавад, барои умум ба намоиш гузошта шудааст.

Таблоҳое аз фаолиятҳои қуръонии Остони Аббосӣ аз ҷумла тарҳи ҳифзи Қуръони Остон, тарҳи «Хонаҳои нур», давраҳои тобистонаи омӯзиши ҳифзи Қуръон ва истгоҳҳои қуръонии зиёрати Арбаъин аз дигар осори намоишдода дар ин ғурфа маҳсуб мешаванд.

Дар ин ғурфа ҳамчунин, маншуроти Остони муқаддаси Аббосӣ дар заминаи улуми Қуръон, тафсир, иъҷоз ва балоғати қуръонӣ, қиссаҳои Қуръон ва... барои умум ба намоиш гузошта шудааст, ки тафсири 17 ҷилдӣ «Ат-Тафсир манҳаҷул-Қуръони Карим» аз ҷумлаи осори барҷаста дар ин бахш мебошад.

عرضه مصحف «ثمرة الأربعین» در بخش بین‌الملل نمایشگاه قرآن +  عکس

https://iqna.ir/fa/news/4271322

captcha