Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз сомонаи «Муслим ҳавлал-олам», Ҷумҳурии Косово як кишварест дар маркази нимҷазираи Балкан, дар ҷануби шарқии Аврупо, ки дар соли 2008 эъломи истиқлол кард. Аксари аҳолии ин кишварро албанитаборҳо ташкил медиҳанд, аммо 4 дарсад сербҳо ва 4 дарсади дигар аз ақвоми мухталиф дар ин кишвар ҳузур доранд.
Дини Ислом бо фатҳи Усмониҳо дар қарни XV милодӣ ба ин минтақа роҳ ёфт ва имрӯз дини бештари мардумони Косово Ислом аст (зиёда аз 95 дарсад), аммо ақалиятҳои ортодоксӣ, католикӣ ва пайравони дигар динҳо низ дар он зиндагӣ мекунанд.
Аввалин донишгоҳи исломӣ дар соли 1992 дар шаҳри Присштина, пойтахти Косово таъсис шуд. Имрӯз дар Косово беш аз 800 масҷиди ҷомеъ вуҷуд дорад ва сохтмони тақрибан 100 масҷиди дигар дар нуқтаҳои мухталифи Косово, аз ҷумла тарҳи бузургтарин масҷиди минтақаи Балкан дар шаҳри Присштина, дар ҳоли анҷомёбӣ мебошад.
Хутбаҳои намози ҷумъа, дарсҳои динӣ ва дуоҳо дар масҷидҳои ин кишвар ба забонҳои албанӣ, боснӣ ва туркӣ хонда мешаванд. Омӯзиши Қуръон ва дарсҳои исломӣ дар мактабхонаҳои қуръонӣ ва мактабҳои исломӣ низ ба ҳамин се забон пешниҳод мешавад.
Ҳамзамон бо оғози моҳи шарифи Рамазон, масҷидҳои кишвари аврупоии Косово бо баргузории давраҳои омӯзиши Қуръон дар мактабхонаҳои ин кишвар дастовардҳои муҳимеро дар омӯзиши Қуръони Карим ба кӯдакон пешниҳод мекунанд.
Ин давраҳои омӯзишӣ, ки диққати онҳо ба омӯзиши Қуръон ба кӯдакон дар фазои руҳонӣ ва маънавӣ равона шудааст, бахши аслии кӯшишҳои муттасили масъулони ин кишвар барои боло бурдани огоҳии динӣ ва таҳкими фаҳмиши Қуръон дар ҷомеа маҳсуб мешавад.
Дар масҷиди бузурги шаҳри Фризай, ки дар ҷануби Ҷумҳурии Косово ва 38 километр дуртар аз Присштина ҷойгир аст, ҳафтаи гузашта маросими гиромидошти кӯдаконе баргузор шуд, ки марҳилаҳои такмилӣ дар омӯзиши Қуръони Каримро ба анҷом расондаанд.
Дар ин маросим ду гурӯҳи донишомӯзон қадрдонӣ шуданд: гурӯҳи аввал кӯдаконе буданд, ки ҳарфҳои алифбои арабиро омӯхтаанд ва гурӯҳи дуюм нафароне буданд, ки пас аз гузаронидани марҳилаи омӯзиши ҳарфҳои арабӣ, қироати Қуръони Каримро ба сурати таҳтилиди саҳеҳ оғоз кардаанд.
Ин дастовард як қадами бузург дар роҳи таҳкими маъорифи қуръонӣ барои кӯдакони ин кишвар ба ҳисоб меравад ва нишондиҳандаи рушди муттасили омӯзиши Қуръон дар Косово мебошад.
Дар бахше аз ин маҳфили қуръонӣ, хонум Воҷида Беняко, раиси Идораи бонувони Шӯрои исломии Косово, дар бораи аҳамияти моҳи шарифи Рамазон суханронӣ намуда, бо ишора ба зарурати иртиботи кӯдакон бо омӯзиш дар масҷидҳо, ба арзиши баланди ин давраҳои қуръонӣ дар сохтани насли огоҳ ба Қуръон таъкид намуд.
Давраҳои омӯзиши Қуръон дар Косово дар моҳи шарифи Рамазон пешрафти қобили таваҷҷуҳе доштаанд ва фаъолиятҳои омӯзишӣ дар масҷидҳо барои омӯзиши алифбои арабӣ ва тиловати саҳеҳи Қуръон ба кӯдакон афзоиш ёфтааст. Ин дастовардҳо нуқтаи атфе дар иртиқои тарбияти динӣ барои кӯдакон ва ташвиқи онҳо ба тамассук ба Қуръони Карим дар ин моҳи муборак мебошад.
Мусулмонони Косово соли гузашта бо бозкушоии се масҷиди муҳимми бостонӣ, яъне масҷиди қадимии «Пиринозит», масҷиди ҷомеъи «Алоъуддин» дар маҳаллаи қадимии Присштина ва масҷиди ҷомеъи «Маҳмуд Паша» дар шаҳри таърихии Ҷаковица дар ҷанубу шарқи Косово, пас аз анҷоми таъмиру бозсозӣ тавассути Идораи Авқофи Туркия ба истиқболи Рамазони 2024 рафтанд.
Масҷиди Пиринозит яке аз қадимтарин ва муҳимтарин масҷидҳои қадимӣ дар Присштина, пойтахти Косово аст. Ин масҷид дар маҳаллаи Влоша воқеъ дар шарқи шаҳри Присштина қарор дорад. Таърихи дақиқи сохтмони ин масҷид маълум нест, аммо бовар меравад, ки дар даврони Усмониҳо дар қарни XVI милодӣ сохта шудааст.
Масҷиди қадимии Алоъуддин дар нимаи аввали қарни XVI милодӣ сохта шудааст. Ин масҷид дар майдони маҷмӯи биноҳои Шӯрои исломии Косово дар қадимитарин маҳаллаи Присштина, яъне Влоша қарор дорад. Ин маҳалла қаблан ба номи ҳамин масҷид, яъне маҳаллаи Алоъуддин номида мешуд.
Масҷиди ҷомеъи Маҳмуд Паша, дуюмин масҷиди муҳимми қадимӣ дар шаҳри Ҷаковица, дар ҷанубу ғарби Косово, ки ба даврони Усмониҳо тааллуқ дорад, аз замони таъсисаш наздик ба панҷ қарн гузаштааст. Шаҳри Ҷаковица як минтақаи таърихӣ бо сохтори меъмории усмонӣ ба ҳисоб меравад.