Ба гузориши хабаргузории «”Ал-Масир”», нерӯҳои мусаллаҳи Яман баёнияе дар бораи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Англис ба Яман мунташир карданд.
Яҳё Сариъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: Душмани амрикоӣ таҷовузи ошкоро нисбат ба кишвари мо анҷом дод. Амрико 47 ҳамла ба Санъо ва 7 ҳамла ба вилоятҳои дигар анҷом дод. Душмани амрикоӣ даст ба қатлу куштор зад ва бар асари ин ҳамлаҳо теъдоде шаҳид ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд, ки омори ниҳоии он ҳанӯз муайян нашудааст. Дар посух ба ин ҳамлаи низомӣ, мо бо ёрии Худованд амалиётро анҷом дода, киштии «USS Harry Truman» ва киштиҳои нерӯи баҳрии онро ҳадаф қарор додем.
Вай илова кард: Ҳамла ба ин киштӣ дар шимоли Баҳри Сурх бо 18 мушаки баллистикӣ ва болдор ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом шуд. Мо дар ҳадаф қарор додани нерӯи баҳрии Амрико дар Баҳри Сурх ва Араб дар посух ба таҷовуз ба кишвари худ дареғ нахоҳем кард. Бо ёрии Худованд муҳосираи баҳрӣ бар зидди киштиҳои исроилӣ дар минтақаи эълоншуда то замони вуруди кӯмакҳо ба Ғазза идома хоҳад дошт. Душмани амрикоӣ ҷуз субот, имон ва пойдории Ямани азиз ва мардуми устувор, имондор ва муборизи он чизе нахоҳад дид.