IQNA

Истиқболи ҷаҳонӣ аз дусоланаи ҳунарҳои исломии Арабистон + Акс

11:47 - March 17, 2025
рақами хабар: 3057
ИКНА - Беш аз 30 осорхона ва муассисаи ҷаҳонӣ дар дувумин Дусоланаи ҳунарҳои исломӣ 2025 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон ширкат карда ва осори худро ба намоиш гузоштаанд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Мисрӣ Ал-Явм, ин намоишгоҳ аз 25 январи 2025 бо шиори қуръонии «Ва мо байнаҳумо» дар фурудгоҳи Ҳуҷҷоҷи шаҳри Ҷиддаи Арабистон оғоз шудааст ва то 25 майи 2025 идома хоҳад дошт.

Ин намоишгоҳ панҷ толор дорад ва дар он беш аз панҷсад порчаи ҳунарӣ ба намоиш гузошта шудааст ва боздидкунандагоне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз он истиқбол кардаанд.

Намоишгоҳи дусолонаи Ҷидда бо шиори «Ва мо байнаҳумо», ки иборате баргирифта аз оятҳои Қуръон аст, аз ҷумла ояти 4 сураи Сачда:

اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا “Худо касе аст, ки осмонҳо ва замин ва он чиро ки миёни онҳост, офарид” баргузор шудааст, то азамату ҷойгоҳи осори халқшуда ба дасти инсон ва тадаббур дар ин осорро ёдоварӣ кунад.

Ин намоишгоҳ таркибе аз осори таърихӣ — исломӣ ва ҳунари муосир баргирифта аз имон ва эҷодкориро ба намоиш гузоштааст. Беш аз 30 осорхона ва созмони фарҳангии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Осорхонаи Виктория ва Алберт дар он ширкат кардаанд.

Осори барҷастаи ба намоиш гузошташуда

— Дари Каъба, ки ба давраи Усмониён тааллуқ дорад.
— Ду калид аз давраи Мамолиқ. — Ду парда аз Каъба. — Порчае аз матое, ки аз дохили Хонаи Каъба онро мепӯшонад.

Ҳусом Абдулбосит, пажӯҳишгар ва муаррихи осори таърихӣ аз Миср, ки дар намоишгоҳ ширкат кардааст, ба Ал-Мисрӣ Ал-Явм гуфт:
«Ин намоишгоҳ дар ҳар давра маҷмӯае бузург аз порчаҳои ҳунари исломӣ дар ҷаҳонро, ки осори барҷаста ва вобаста ба вижагиҳои фарҳангии Макка ва Мадина аст, ба намоиш мегузорад. Имсол маҷмӯаи қатрии «Ал-Сонӣ» меҳмони ифтихории ин дусолона мебошад.»

Ин пажӯҳишгари мисрӣ дар поён ёдовар шуд: Беш аз 20 ҳунарманди ҷаҳонӣ осори ҳунарии муосири худро, ки баёнгари дидгоҳе ҳунарӣ ва фалсафӣ ба ҳунар ва вобаста ба зиндагӣ, осмон ва замин аст, дар намоишгоҳи Ҷидда пешниҳод кардаанд.

 

https://iqna.ir/fa/news/4263962

captcha