IQNA

Чолишҳои зеҳни сунъӣ дар пардозиши оятҳои қуръонӣ

20:44 - March 18, 2025
рақами хабар: 3071
ИКНА - Зеҳни сунъӣ яке аз муҳимтарин таҳаввулоти ҳошияи фанноварӣ дар асри нав ба шумор меравад ва дар бисёре аз заминаҳо, аз ҷумла пардозиши матнҳои динӣ, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ба гузориши ИКНА, зеҳни сунъӣ яке аз абзорҳои муфид дар ҷаҳони фанноварӣ маҳсуб мешавад. Имрӯз баҳси зеҳни сунъӣ аҳаммияти зиёде пайдо кардааст ва метавон гуфт, ки зеҳни сунъӣ ҳамаи фаъолиятҳои башариро дарбар гирифтааст, ки аз фаъолиятҳои маърифатӣ то биниширо дар бар мегирад.

Гурӯҳе аз уламои дин, таблиғгарон ва фуқаҳо нисбат ба густариши барномаҳо, махсусан барномаҳои интернетӣ, мисли зеҳни сунъӣ дар "Ватсап" бо таваҷҷуҳ ба таҳрифи оятҳои қуръонӣ ҳушдор додаанд.

Уламо аз афроди диндор хостаанд, ки аз барномаҳо ва платформаҳои ношинохта, ба вижа зеҳни сунъӣ, истифода накунанд ва бидонанд, ки ҳифзи Қуръон ва нусхаи он масъулиятест, ки ҳамаи занон ва мардони мусулмон бояд ба он таваҷҷуҳ кунанд.

Муҳаммад Асғар, таҳлилгари рӯзномаи "Садои Балад" (Миср), дар як ёддошт дар ин рӯзнома дар бораи зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар Қуръон ба хатогиҳо дар пардозиши додаҳои зеҳни сунъӣ дар мавриди Қуръон ва аҳодис пардохтааст. Ӯ навиштааст, ки зеҳни сунъӣ яке аз муҳимтарин таҳаввулоти ҳошияи фанноварӣ дар асри нав мебошад ва дар бисёре аз заминаҳо, аз ҷумла пардозиши матнҳои динӣ, истифода мешавад.

Дар ин миён, Қуръони Карим муқаддастарин матни динӣ аст, ки зеҳни сунъӣ барои осон кардани дастрасӣ ба он ва мутолиаи оятҳо истифода мешавад. Бо ин ҳол, истифодаи зеҳни сунъӣ дар матни Қуръон бо чолишҳое рӯбарӯ шудааст, бахусус дар заминаи бозёбии манбаъҳо ё ироаи оятҳои Қуръон.

Дар солҳои ахир истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст ва ин фанноварӣ миллионҳо корбарро ҷалб кардааст. Бо вуҷуди он ки аз кашфи зеҳни сунъӣ вақти зиёде намегузарад, аммо истифода аз ин абзор миёни корбарон ривоҷи зиёде ёфтааст. Зеро дастрасии осон ва истифодаи ройгони хадамоти он барои ҳамагон имконпазир аст ва ҳамин масъала нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки мабодо аз он суиистифода шавад ё дар умури динӣ ба он истинод ва такя шавад.

Бо пешрафти фанноварӣ, чолишҳои ҷиддӣ дар заминаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар масоили динӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин масъала, ба вижа пас аз нашри ахборе дар мавриди хатои зеҳни сунъӣ дар бозёбии оятҳои қуръонӣ, аҳаммияти бештаре пайдо кардааст.

Ба ҳамин далел ҳушдорҳое аз сӯи уламо нисбат ба истинод ба зеҳни сунъӣ ё дигар фанновариҳои номӯътабар дар умури динӣ дода шудааст. Таҳрифи матни Қуръон яке аз муҳимтарин масоилест, ки дар истифодаи зеҳни сунъӣ мушоҳида шудааст ва яке аз хатарноктарин мушкилотест, ки мумкин аст боиси ихтилофоти динӣ ва фирқавӣ гардад.

چالش‌های هوش مصنوعی در پردازش آیات قرآن

Далелҳои хатогии зеҳни сунъӣ дар пардозиши оятҳои Қуръон

1.     Бозёбии худкори иттилоот: Моделҳои зеҳни сунъӣ бо миқдори зиёди матнҳо омӯзиш мебинанд ва гоҳе ҳангоми истинод ва бозёбии як ояти мушаххас, иштибоҳ ё сардаргумӣ ба вуҷуд меояд, бахусус агар оятҳо тӯлонӣ ё ба оятҳои дигар монанд бошанд.

2.     Тафсир ё тарҷумаи нодуруст: Бо вуҷуди талоши зеҳни сунъӣ барои зикри дақиқи оятҳо, тафовутҳои нозук дар навиштан ё тарҷума метавонад боиси иштибоҳ гардад. Ҳамчунин мумкин аст байни оятҳое, ки маънои шабеҳ доранд, ҳампӯшӣ вуҷуд дошта бошад ва зеҳни сунъӣ натавонад онҳоро дуруст дарк ё тафсир кунад.

3.     Маҳдудиятҳои барномасозӣ ва омӯзишӣ: Зеҳни сунъӣ дониши амиқи динӣ, ки уламои динӣ доранд, надорад. Зеҳни сунъӣ бар мабнои моделҳои риёзӣ ва оморӣ аст, ки гоҳе мумкин аст хатокор бошанд. Гарчанде ин фанноварӣ қобилияти пардозиши матнҳоро дорад, арзишҳои динӣ ва эътиқодӣ ниёз ба дараҷаи амиқи дарк ва тафсир доранд.

4.     Маҳдудиятҳои пойгоҳҳои додаҳо: Баъзе аз нусхаҳои Қуръон, ки модели зеҳни сунъӣ бар онҳо омӯзиш дидааст, мумкин аст нопурра ё ғайриқобили эътимод бошанд.

Дар ниҳоят, бояд гуфт, ки дар чунин шароит беҳтар аст ба матнҳои дақиқи қуръонӣ ё манобеи мӯътабар истинод карда шавад ва дар сурати ниёз ба оятҳои дақиқ ё тафсири саҳеҳ, ба худи Қуръон ё вебсайтҳои тахассусии шарҳ ва тафсир муроҷиат кард.

https://iqna.ir/fa/news/4272082

captcha