Ба гузориши ИКНА ба нақл аз торнамои Остони муқаддаси Алавӣ, дар остонаи нуздаҳуми моҳи Рамазон, ки шаби зарбат хӯрдани Имом Алӣ (а) мебошад, ҳарами он Ҳазрат либоси азо ба бар кард ва ходимони Остони муқаддаси Алавӣ бо дар даст доштани парчамҳои сиёҳ ба истиқболи айёми азодории он ҳазрат рафтанд.
Бар ҳамин асос, ҳарами Имом Алӣ (а) дар остонаи айёми шаҳодати он Ҳазрат ва дар нахустин шаби Қадр сиёҳпӯш шуда ва парчами азо бар фарози айвони Наҷаф насб гардид.
https://iqna.ir/fa/news/4272906