IQNA

Ибтикори масҷидҳои Туркия барои ҷалби кӯдакон ба барномаҳои динӣ

17:50 - March 22, 2025
рақами хабар: 3102
ИКНА - Масҷидҳо дар саросари Туркия дар моҳи мубораки Рамазон ибтикорҳое монанди эҳдои тӯҳфаҳои кӯчак ва барномаҳои ҷаззобро барои таҳкими муҳаббат ба намоз ва эҷоди муҳити писандида барои кӯдакон амалӣ мекунанд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Daily Sabah, дар минтақаи Ускудари Истанбул, Усмон Усмоноғлу, имомҷамоати масҷиди Волида Атиқ, дар як мусоҳиба дар бораи нақши муҳимми кӯдакон дар масҷидҳо ва барномаҳои вижае, ки дар моҳи Рамазон барои онҳо тарҳрезӣ шудааст, суҳбат кард. Ӯ бар зарурати ҷалби кӯдакон ва навҷавонон ва дар айни ҳол таҳкими дарки онҳо аз ибодат ва эҳтиром ба маконҳои муқаддас таъкид кард.

Усмоноғлу ишора кард, ки барномаҳои кӯдакона, ки имсол дар масҷиди ӯ баргузор мешаванд, бояд дар ҳамаи масҷидҳо иҷро шаванд. Ӯ тавзеҳ дод, ки ин ибтикорот на танҳо пайванд бо кӯдаконро таҳким мебахшад, балки муҳаббати доимӣ ба намозро дар онҳо решадор мекунад. Ӯ таъкид кард, ки густариши чунин талошҳо ба иштироки бештар аз наслҳои оянда сабаб мешавад ва иртиботи онҳоро бо масҷид амиқтар мекунад.

Усмоноғлу моҳи Рамазонро дар масҷиди худ ба унвони замони сулҳ ва баракат тавсиф кард, ки дар он давра ҷамъияти зиёде аз пиронсолон ва ҷавонон ва ҳамчунин шумори зиёде аз кӯдакон дар намозҳои рӯзона ширкат мекунанд.

Ӯ гуфт: Ҳузури афзояндаи кӯдакон дар масҷидҳо барои оянда умедбахш аст. Барои ҷаззобтар кардани масҷидҳо, фаъолиятҳои гуногуне барои онҳо тартиб дода мешавад.

Вай идома дод: Мо дӯст медорем, ки кӯдаконро дар масҷид бубинем. Дар вақти намоз, тӯҳфаҳои кӯчак ё пулро дар пойафзолҳояшон мегузорем. Баъд аз намоз, барномаҳое дар маҷмӯаи масҷид баргузор мекунем. Ин барномаҳо ба кӯдакон кӯмак мекунад, то дар масҷид худро роҳат ҳис кунанд ва ба он шавқ пайдо кунанд. Имрӯз бо кӯмаки донишҷӯёни динӣ маросими вижае баргузор кардем. Кӯдаконе, ки дар намоз иштирок мекунанд, пазируфта мешаванд. Ба онҳо як навъ ҷуворӣ ва шириниҳои суннатӣ дода мешавад.

Усмоноғлу ишора кард, ки ҳузури кӯдакон дар масҷидҳо дар баъзе нуқот дар моҳи Рамазони имсол мавзӯи баҳс будааст. Ӯ аз овардани фарзандон аз тарафи волидон ва раҳо кардани онҳо, ки метавонад фазои ороми масҷидро халалдор кунад ва тамаркузи намозгузоронро коҳиш диҳад, изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ бо эътирофи ин мушкил гуфт: Гарчанд ин норизоиятҳо қобили дарк ҳастанд, аммо мамнӯъ кардани ҳузури кӯдакон дар масҷидҳо роҳи ҳалли дуруст нест.

Ӯ идома дод: Имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоятҳое дар мавриди бозии кӯдакон бо тӯб дар масҷидҳои калон пахш шудааст. Кӯдакон бояд ба масҷидҳо биёянд, аммо бо дарки ибодат. Вақти намоз бояд намоз бошад ва вақти бозӣ баъд аз он. Вақте ки мардум дар ҳоли намоз ҳастанд, муносиб нест, ки кӯдакон дар қафои масҷид бозӣ кунанд.

Усмоноғлу ҳамчунин ба масъалаи бозии кӯдакон бо тӯб дар болои қолинҳои масҷидҳо пардохт. Ӯ таъкид кард, ки ин амал на танҳо бо покии лозим барои намоз мухолифат дорад, балки ба далелҳои беҳдоштӣ саломатиро низ дар хатар мегузорад.

Илова бар ин, ӯ аз додани васоили рақамӣ ба кӯдакон барои сокит нигоҳ доштани онҳо ҳангоми намозхонии волидон интиқод кард.

Ӯ таъкид кард: Волидон бояд пешакӣ ба фарзандони худ таълим диҳанд, ки ҳангоми омадан ба масҷид ором нишинанд ва ба фазои он эҳтиром гузоранд. Мутаассифона, имрӯз волидон чӣ дар хона, чӣ дар масҷид ва ё ҳатто дар кӯча ва хиёбон танҳо планшет ё компютерро ба фарзандонашон медиҳанд, то онҳоро машғул кунанд. Ин як равиши хатарнок аст, махсусан дар масҷидҳо, ки вақте ба кӯдак василае дода мешавад, мумкин аст ногаҳон ӯро ба хатароти ҷиддӣ рӯбарӯ созад.

Вай таъкид кард: Кормандон ва имомҷамоатҳои масҷид бояд дар канори волидон кӯдаконро бо меҳрубонӣ ва дарки дуруст роҳнамоӣ кунанд.

Ӯ афзуд: Вазифаи мо ба ҳайси имомҷамоатҳо ва кормандони масҷид ин аст, ки ҳисси ибодатро дар кӯдакон аз синни кӯчак ба вуҷуд оварем. Агар мехоҳанд бо тӯб бозӣ кунанд, бояд ба берун аз масҷид роҳнамоӣ шаванд. Дар воқеъ, мо ҳатто метавонем дар маконҳои бозии муайяншуда монанди майдонҳои варзишӣ бо онҳо ҳамроҳ шавем.

Вай таъкид кард: Густариши барномаҳои кӯдакон дар масҷидҳо боиси таҳкими огоҳии онҳо аз ибодат ва амиқтар шудани иртиботи онҳо бо масҷид мешавад.

Имсол дар рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон, кӯдаконе, ки дар аввалин намози ҷамоат дар масҷиди бузурги Чамлиҷа иштирок карданд, ҳангоми баромадан бо тӯҳфаҳои ғайриинтизор пазируфта шуданд.

Гурӯҳе иборат аз ҳудуди 40 довталаб барномаи шод ва ҷаззоберо пас аз намоз барои 500 кӯдак баргузор карданд. Баъд аз адои намоз бастаҳои тӯҳфаҳои ғайриинтизор ва пуфакҳои гелӣ дар пойафзоли кӯдакон дар беруни масҷид гузошта шуданд.

https://iqna.ir/fa/news/4273120

captcha