IQNA

Суханронии наврӯзии раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар миёни ақшори мухталифи мардум

11:30 - March 23, 2025
рақами хабар: 3104
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ҷумъа дар аввалин рӯзи Соли нав дар дидор бо ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардум, суннати эрониёни мабнӣ бар оғози Соли нав бо дуъо ва тавассул ва иҷтимо дар марокизи мутабаррикро нишонаи нигоҳи маънавии миллат ба иди Наврӯз хонданд ва бо табйини осори дуъо ва истиқомат дар пирӯзиҳои бузурги ҷабҳаи ҳақ дар тӯли таърих, соли гузаштаро соли сабурӣ, истодагӣ ва бурузи қудрати маънавии мардуми Эрон баршумурданд ва бо орзӯи соли муборак барои ҳамаи миллат, вазоифи мардуму давлатро дар таҳаққуқи шиори сол яъне « Сармоягузорӣ барои тавлид » ва беҳбуди авзоъи иқтисодӣ ва маъишатӣ табин карданд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба нафрати умумии миллатҳо аз ҷиноёти режими бераҳми саҳюнӣ, забони таҳдидро дар муқобили миллати бузурги Эрон забонӣ бесамару шикаст хӯрда донистанд ва афзӯданд: Миллатҳо ва марокизи ҷабҳаи муқовимат аз ҷумла миллати Фаластин, Лубнону Яман бо ангезаҳои дарунӣ ва имонӣ ба истодагӣ дар муқобили режими фосиду фосиқи саҳюнистӣ машғуланд.

Ишон бо ишора ба аз даст додани шахсиятҳои бузурги эронӣ ва лубнонӣ дар ҳаводиси соли гузашта, саранҷоми қатъии таҳаммули ин ҳаводиси талх ва «истиқомату истионат аз Парвардгор»ро шикасти душманон ба вижа режими фосид , фосиқу хабиси саҳюнистӣ хонданд ва таъкид карданд: Дар соли сахти 1403, қудрати маънавӣ, сабурӣ, шаҳомату ришодати миллат бурузи дурахшоне ёфт.

Оятуллоҳи Хоманаӣ ҳамчунин дар бахши дигарӣ аз суханонашон таъбири сиёсатмадорони амрикоӣ ва аврупоӣ аз марокизи муқовимат ба нерӯҳои ниёбатии Эронро иштибоҳи бузургу мӯҷиби иҳонат ба ин гурӯҳҳо хонданд ва афзӯданд: Ниёбатӣ яъне чӣ? Миллати Яман ва марокизи муқовимат дар минтақа барои истодагӣ дар баробари саҳюнистҳо ангезаи дарунӣ доранд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ эҳтиёҷӣ ба нойиб надорад ва назари мо ва назари онҳо маълумаст.

Раҳбари ҶИЭ истиқомату муқовимат дар муқобили хабосатҳо ва зулмҳои режими саҳюнистиро амри решадор дар минтақаи хонданд ва афзӯданд: Дар оғози ғасби Фаластин низ яке аз кишварҳое ки дар хати муқобила бо зулм қарор дошт, Яман буд ки ҳокими он рӯзи Яман бо ширкат дар иҷтимои байналмилалӣ бо ғасби Фаластин мухолифат кард.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ бо ишора ба густариши эътирозҳо дар баробари ҷиноёти режими бераҳми саҳюнӣ ба миллатҳои ғайримусулмону тазоҳуроти мардумӣ ва донишҷӯӣ дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ, гуфтанд: Давлатмардон ғарбӣ намехоҳанд ин воқеъиётро бибинанду мавозиъи миллатҳои худро бафаҳманд; бинобарин суроғи корҳое ҳамчун қатъи буҷети донишгоҳӣ мераванд ки донишҷӯёни он ба нафъи Фаластин тазоҳурот кардаанд, ки албата ин ҳам ҷилвае аз иддаоҳои онҳо дар заминаи гардиши озодии иттилоот, либеролизм ва ҳуқуқи башараст.

Ишон бо таъкид бар мухолифати миллатҳо бо хабосатҳои режими саҳюнистӣ ва муқовимат дар баробари он ба ҳар шакли мумкин, афзӯданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар муқобили ин хабосатҳо муҳкам истода ва мавозиъ ва равиши ҳамешагии худро бо сароҳат эълом кардааст, ки аз муборизини фаластинӣ ва лубнонии мудофеъи кишвари худ ҳимоят мекунад.

Раҳбари инқилоби исломӣ бори дигар дар посӯх ба таҳдидҳои бадхоҳони Эрон таъкид карданд: Мо ҳеҷ гоҳ оғозкунандаи бархӯрду даргирӣ бо ин ва он набудаем аммо агар касе бо хабосат, даргириро шурӯъ кунад бидонад ки силиҳои сахтӣ хоҳад хӯрд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ инчунин бо ишора ба нафрати умумии миллатҳо аз ҷиноятҳои режими бераҳми саҳюнистӣ, забони таҳдидро дар муқобили миллати бузурги Эрон забони бесамар ва шикастхӯрда донистанд ва илова карданд: Миллатҳо ва марказҳои ҷабҳаи муқовимат аз ҷумла миллати Фаластин, Лубнон ва Яман бо ангезаҳои дохилӣ ва имонӣ ба истодагӣ дар муқобили режими фосиду фосиқи саҳюнистӣ машғуланд.

Рахбари ҶИЭ дар оғози суханҳояшон бо ишора ба шикасти душманон дар дур кардани мардум аз маънивиёт, ин айёмро мансуби Амирулмуъминин, яъне қуллаи баланди адолат, тақво ва гузашт хонданд ва илова карданд: Миллати Эрон ва миллатҳои мусулмон барои истифода аз дарсҳои ҳазрати Алӣ (а) ҳамчун беҳтарин инсонҳо баъд аз пайғамбар (с), ба «Наҳҷулбалоға» муроҷиат кунанд ва фаъолони соҳаи фарҳангӣ ба омӯзиш ва таълими ин китоби бузург таваҷҷуҳи вижа дошта бошанд.

Ишон шабҳои қадрро фурсати арҷманд барои дуо ва тазарруъ ба даргоҳи ҳақ донистанд ва илова карданд: Ҳар соати ин шабҳо арзиши як умрро дорад ва таваҷҷуҳ ва тавассул ба аимма ва дуои мардум, хусусан ҷавонон метавонад тақдири онҳо ва тақдири зиндагии як миллатро тағйир диҳад.

Рахбари Инқилоби Исломии Эрон бо истинод ба оятҳои қуръонӣ, истиҷобати дуо ва осори онро дар зиндагии дунёвӣ ва охиратӣ, ҳатмӣ донистанд ва илова карданд: Албатта бо шарте ки худамон монеи дар иҷобати дуо эҷод накарда бошем.

Раҳбари ҶИЭ сираи пайғамбаронро дар муқобили мушкилот «тавассул, дуо ва истиқомат» хонданд ва илова карданд: Парвардигор иҷобати дуои ҳазрати Мусоро ба истодагӣ ва сабр ва умед вобаста кард ва ниҳоят бани Исроил, ки аз озури доимии фиръавниён ба танг омада ва ҳазинаҳои зиёд дода буданд, бо чашмони худ нобудии онҳоро диданд.

https://iqna.ir/00HveA

 

captcha