Ба гузориши ИКНА, Ҳусейнхони Бидгулӣ, намояндаи кишвари Эрон дар сию дуюмин даври мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Урдун, бо ҳузур дар ҷойгоҳи мусобиқот, ба суолоти ҳайати доварон посух дод.
Вай дар бораи иҷрои худ ба хабарнигори ИКНА гуфт: «Хушбахтона, иҷрои хубе доштам ва бидуни иштибоҳ ва тазаккур ба суолоти ҳайати доварон посух додам.»
Намояндаи кишвари мо дар мусобиқоти байналмилалии қуръонии Урдун бо ишора ба рақобати сангин ва фишурдаи ширкаткунандагон дар ин мусобиқот афзуд: «То кунун шумори зиёде аз ширкаткунандагон бидуни айб ва тазаккур аз сӯи доварон ба суолоти ҳайати доварон посух додаанд.»
Бар асоси гузориши ИКНА, ин мусобиқот бо ҳузури намояндагон аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад ва рақобатҳои он то охири ҳамин ҳафта идома хоҳад дошт.
Дар ин даври мусобиқот чор довар аз кишвари Урдун, як довар аз Арабистон ва як довар аз Миср дар гурӯҳи доварон ҳузур доранд.