Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Олам, дар баёнияи Ҳамос омадааст: Доктор Салоҳ Ал-Бардавил, ки яке аз чеҳраҳои барҷаста дар арсаи сиёсӣ, расонаӣ ва миллӣ буд ва намунае аз садоқат, истиқомат ва фидокорӣ ба шумор мерафт, ҳангоми адои нафилаи шаб ба дидори Ҳазрати Ҳақ шитофт.
Ин баёния меафзояд: Ӯ ҳаргиз аз анҷоми вазифаҳои худ дар роҳи ҷиҳод ва хидмат ба ормони Фаластин кӯтоҳӣ накард ва то охирин лаҳза дар роҳи муқовимат собитқадам монд, то ин ки дар яке аз шабҳои маҳбуб назди Худованд, ба ифтихори шаҳодат ноил шуд.
Ҳамос таъкид кард, ки хуни поки доктор Ал-Бардавил, ҳамсараш ва дигар шаҳидони азиз ҳамчун чароғе аст, ки роҳи озодӣ ва бозгаштро барои ҳамагон рӯшан хоҳад кард ва ҷиноятҳои душман ҳаргиз наметавонад ирода ва истиқомати моро заиф кунад. Бо шаҳодати ҳар шаҳид, шуълаи муқовимат фурӯзонтар мешавад, то ин ки ишғол ба поён расад.
Дар поёни ин баёния, ки имрӯз якшанбе 23 марти 2025 (сеюми фарвардини 1404) содир шудааст, Ҳамос раҳмати илоҳӣ ва биҳишти баринро барои доктор Салоҳ Ал-Бардавил ва ҳамсараш масъала карда, барои бозмондагон, дӯстону мардуми сабури Фаластин, сабру аҷр орзу кардааст.
Салоҳ Ал-Бардавил ва ҳамсараш дар шаби 23 моҳи мубораки Рамазон, дар пайи ҳамлаи саҳюнистҳо ба хаймаи маҳалли иқомати ишон дар минтақаи Ал-Мавосӣ, ғарби шаҳри Хониюнис, ба шаҳодат расиданд. Ин ҳамла бахше аз силсилаи қатлҳои ваҳшиёнаест, ки душмани саҳюнистӣ алайҳи мардуми сабур ва муқовими Ғазза муртакиб мешавад.