IQNA

Тақдир намудани баргузидгони мусобиқоти қуръонии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Бангладеш

23:23 - March 24, 2025
рақами хабар: 3116
ИКНА - Дар як маросиме дар Дакка, шахсони бартари мусобиқоти ҳифзи Қуръон дар бахшҳои дохилӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ ва ҷоизаҳои худро дарёфт карданд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз UNB, дар маросиме, ки дар толори "Наборатри Башундхара" дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш баргузор шуд, аз ширкаткунандаи бартари даври дувуми мусобиқоти ҳифзи Қуръони Карими ин кишвар қадрдонӣ гардид.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури ҷамъе аз уламои барҷастаи исломӣ, муаллимон, имомони масоҷид ва ҳофизони Қуръон баргузор шуд, Муҳаммад Закӣ аз Индонезия дар мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон бо унвони "Ҳифзи Нур" дар Дакка мақоми аввалро касб кард.

Дар ин мусобиқот ҳофизони Қуръон аз 17 кишвар, аз ҷумла Бангладеш ширкат доштанд. Пас аз Муҳаммад Закӣ аз Индонезия, Муҳаммад Балиғ Сайид Абдулғаффор Алӣ аз Яман ва Иршодул-Ислом аз Бангладеш мутаносибан мақоми дувум ва севумро соҳиб шуданд.

Иршодул-Ислом, инчунин, дар бахши дохилӣ бо пешӣ гирифтан аз 10 000 ширкаткунанда аз 11 минтақаи кишвар мақоми аввалро ба даст овард. Мақомҳои дувум ва севумро Муҳаммад Ҷиҳоди Ислом ва Абдурраҳмон бин Нур соҳиб шуданд. Муҳаммад Ҷубайр Аҳмад, Шоҳид Аълам Тариф, Муҳаммад Юсуф Алӣ, Муҳаммад Афон бин Сироҷ ва ҳофиз Абдурраззоқ Нуъмон низ дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтанд.

Ба ҳамаи баргузидагон ҷоизаҳои пулӣ, шаҳодатнома ва лавҳаҳои қадрдонӣ тақдим гардид. Онҳо, инчунин, мисли даври аввал, имкон пайдо хоҳанд кард, ки дар канори волидайни худ ба адои умра мушарраф шаванд.

Мавлоно Маҳфузул Ҳақ, раиси Бунёди исломии Бангладеш, ҳамчун меҳмони аслӣ дар ин барнома ҳузур дошт ва бар аҳаммияти тиловати Қуръон ва таъсири он ба ҷомеа таъкид кард.

Ҳамчунин, Қодир Ғонӣ, муовини гурӯҳи расонаии "Шарқ ва Ғарб", изҳор дошт:
"Қуръони Карим роҳнамои наҷоти башарият аст. Ин бузургтарин неъмати Худованди Мутаол мебошад. Қуръон раҳмат, ҳидоят, нур ва шифои илоҳист."

Ӯ афзуд: "Мусулмонон бояд ба Қуръон амал кунанд, онро таблиғ намоянд ва зиндагии худро бар асоси он бунёд гузоранд, то аз ҷумлаи бандагони махсуси Худованди Мутаол гарданд, ки дар ҳадис аз онҳо ҳамчун 'аҳли Аллоҳ' ёд шудааст."

Ин мусобиқоти қуръонӣ, ки аз 24 ноябри соли гузашта (4 озари 1403 ҳ.ш.) дар минтақаи Силҳет оғоз шуда буд, пеш аз ифтор дар моҳи мубораки Рамазон тавассути шабакаи "News 24" Бангладеш пахш гардид. Дар ин мусобиқот ҳофизони зерини 16-сола аз кишварҳои Туркия, Урдун, Умон, Яман, Марокаш, Индонезия, Бангладеш ва чанд кишвари дигар ширкат карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4273427

captcha