Ба гузориши ИКНА аз Кашмир, ба муносибати моҳи мубораки Рамазон, Муассисаи таҳқиқоти қуръонии «Тибён» намоишгоҳи вижаи хаттотии қуръонӣ ва исломиро дар шаҳри Сринагар баргузор кардааст.
Ин рӯйдод аз рӯзи бисту сеюми моҳи мубораки Рамазон оғоз гардида, ба муддати се рӯз идома хоҳад дошт.
Осори хаттотони маъруф дар намоишгоҳи Сринагар ба намоиш гузошта шудааст ва алоқамандони ҳунари исломӣ – қуръонӣ аз он боздид карданд.
Аксҳое аз ин намоишгоҳ, ки аз ҷониби «Убайд Мухтор» аксбардорӣ шудааст, дар идома меоянд.