Ба гузориши манобеи хабарӣ, пас аз боздошти Акрам Имомуғлу, шаҳрдори Истанбул, тазоҳурот дар минтақаи Сарочхона идома ёфт. Тазоҳургарон деворҳои масҷиди таърихии Шаҳзода, яке аз осори барҷастаи меъмор Синонро ишғол карданд.
Эътирозот пас аз боздошти Имамоғлу бо иттиҳоми сабти ғайриқонунии маълумоти шахсӣ, гирифтани ришва, дасткорӣ дар музоядаҳои давлатӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Дар ҷараёни ин тазоҳурот, тазоҳургарон бо кислота ва табар ба нерӯҳои пулис ҳамла карданд ва ба самти масҷиди Шаҳзода ҳаракат намуда, кӯшиш карданд аз деворҳои он, ки бар асари вақт ва тахрибот осеб дида буд, боло раванд.
Масҷиди Шаҳзода, ки онро меъмор Синон бо фармони султон Сулаймони Якум ба ёди писараш шоҳзода Муҳаммад (даргузашта дар соли 1543) сохтааст, яке аз шукӯҳмандтарин сохтмонҳои меъмории Истанбул маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди таърихи ғании он, деворҳои масҷид дар ҷараёни тазоҳурот бештар тахриб гардиданд. Тазоҳургарон баннерҳо овехтанд ва шиорҳо сар доданд, ки ин саҳна суолҳои зиёдеро дар бораи эҳтиром ба ҷойҳои мазҳабӣ ба миён овард.
Дар саҳнаи дигар, бархе аз эътирозгарон дар ҳоле сабт шудаанд, ки машруботи спиртӣ менӯшиданд ва сигор мекашиданд, ки ин иқдом бо маҳкумияти густурдаи мардум рӯбарӯ гардид.
Масҷиди Шаҳзода, ки намоди таърихи Усмонӣ ва ҳунари меъмории суннатӣ мебошад, оромгоҳи шоҳзода Муҳаммадро дар бар мегирад, ки падари ӯ султон Сулаймон ӯро "Ҷавоҳири шоҳзодаҳо" лақаб дода буд.
Ин масҷид дар маркази шаҳр, дар миёни мадрасаҳо, оромгоҳҳо ва иморатҳо, соли 1544 сохта шуд ва соли 1548 ба анҷом расид. Ду манораи он аз лиҳози меъморӣ беназир буда, сохтори масҷид аз лиҳози андоза ва хатҳои зебои худ бо дигар масҷидҳо фарқ мекунад ва аввалин асари муҳими меъмор Синон ба шумор меравад.